Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон «Қонун дар бораи Ломбард»-ро тасвиб кард


Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 27 феврал Қонуни нав «Дар бораи гаравхона ё “ломбард”-ро бо иттифоқи оро ба тасвиб расонид.

Ҳарчанд то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон чун дигар кишварҳо муносибатҳои доду гирифт бо гузоштани гарав ё ломбард амал мекунад, аммо набуди қонуни мушаххас дар ин кишвари Осиёи Миёна, шаҳрвандонро ба доми фиреби ширкатҳои зеризаминӣ меафтонад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ломбардии мавсум ба «Иқбол-2012» ва «Ломбард» фаъолият доранд, аммо фаъолияти худро дар асоси Кодекси шаҳрвандӣ пеш мебаранд.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар авоили моҳи ҷорӣ тарҳи Қонун «Дар бораи гаравхона ё “ломбард”-ро мавриди баҳси вакилони кумитаҳои маҷлис қарор дода буд. Намояндагони мардумӣ зарурати қабули ин тарҳро ба афзоиши “Ломбард”-ҳои пинҳонӣ тавҷеҳ мекунанд ва мегӯянд, набуди қонуни мушаххас шаҳрвандонро ба доми фиреби ширкатҳои зеризаминӣ меафтонад.

Исмоил Талбаков, вакили маҷлиси намояндагон қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, “вақте як нафар барои гирифтани қарз аз “ломбард” маводи қимтабаҳои худро ба гарав мегузорад, бояд донад, ки дар сурати қарордоди якмоҳа, агар қарзро дар вақти муайяншуда барнагардонад, сарнавишти моли қиматбаҳояш чӣ хоҳад шуд? Ва ё агар дар ивази пардохти қарз маркази ломбардӣ моли шуморо барнагардонад, чӣ бояд кард?”

Зимнан, тарҳи қонуни нав аз чор боб ва 18 модда иборат буда, дар онҳо фаъолияти ломбард, шароиту талаботи асосӣ ба фаъолияти онҳо, сиррӣ будани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, тартиби гирифтани молу мулки дар гаравмонда, ситонидани пули қарз, тартиби ҳуҷҷатҳои вомдиҳӣ ва шартҳои фурӯхтани молу мулкро фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG