Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт


Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки лимити барқ барои аҳолиро то 12 соат дар шабонарӯз боло мебарад. Акнун ба аҳолӣ бояд ҳар субҳ аз соати 5 то 11 ва ҳар шом аз соати 17 то 23 бидуни кадом маҳдудият барқ бидиҳанд. “Барқи Тоҷик” мегӯяд, коҳиши лимит бо шарофати ҳавои мусоид ва афзоиши тавлиди барқ имконпазир шудааст. То кунун лимити барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон 5 соат дар шабонарӯз муқаррар шуда буд. Тоҷикистон ҳар фасли сармо тақрибан 3 миллиард киловатт-соат камбуди барқ дорад.
XS
SM
MD
LG