Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шултс: Интихоботи Итолиё паёми эътирозӣ дошт


Мартин Шултс
Мартин Шултс
Раиси парлумони Аврупо Мартин Шултс натоиҷи интихоботи парлумонии Итолиёро паёми эътирозӣ алайҳи сиёсати коҳиши хароҷот, ки бархе дар ИА пеш мебаранд, номид ва гуфт, ин “натиҷаи хеле душворе барои ИА дар маҷмӯъ аст.”
Интихоботи Итолиё ғолиби сареҳеро маълум накард ва нигарониеро ба бор овард, ки фалаҷ шудани ҳукумат дар севумин иқтисоди бузурги минтақаи евро метавонад буҳрони қарзи ин минтақаро дубора оташ диҳад. Эътилофи марказу чапгарои Пйер-Луиҷӣ Берсанӣ дар интихоботи маҷлиси поёнии парлумон аввал ва эътилофи сарвазири собиқ Силвио Берлусконӣ дувум шуд, вале дар Сенат ягон ҳизб бартарӣ надорад. Ин Итолиёро дар пешорӯи як парлумони овезон ва зарурати интихоботи нав дар ин зудиҳо қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG