Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Сурия ба Рум хоҳанд рафт


Аҳмад Муоз Хатиб
Аҳмад Муоз Хатиб
Раҳбари Эътилофи миллии Сурия гуфт, ин гурӯҳи мухолифин дар анҷумани Дӯстони Сурия дар Рум ширкат хоҳад кард. Ин эълони Аҳмад Муоз Хатиб дар ҳолест, ки қаблан ин гурӯҳ ширкаташ дар анҷумани рӯзи панҷшанберо ба далели ҳамалот алайҳи мардуми мулкӣ мутаваққиф карда буд. Хатиб дар Фейсбук навишт, ки гурӯҳаш баъди ваъдаи вазирони хориҷаи Амрикову Бритониё Ҷон Керрӣ ва Вилям Ҳейг ҷиҳати “ёриҳои вижа ба хотири ҳифзи ҷони мардум” ба Рум меравад. Керрӣ қаблан дар Лондон аз мухолифини Сурия даъват кард, ки тасмими таҳрими музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар Румро бозбинӣ кунанд. Ҷон Керрӣ, ки нахустин сафари хориҷиаш ба Аврупову Ховари Миёнаро аз Лондон оғоз кард, аз ин ҷо ба Берлин меравад.
XS
SM
MD
LG