Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду афсари хадамоти кашф дар Ҷалолобод


Бар асари таркиш дар шарқи Афғонистон ду афсари хадамоти кашф ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар назди даромадгоҳи бинои Хадамоти амнияти миллии шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, инфиҷор кард. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бино осеби ҷиддӣ дидааст.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG