Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба "Газпром" 7 миллиард $ доданӣ нест


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович гуфт, кишвараш 7 миллиард доллареро, ки “Газпром”-и Русия барои истифода накардани ҳаҷми тавофуқшудаи газ дар соли 2012 тақозо дорад, пардохт нахоҳад кард. Янукович рӯзи ҷумъа гуфт, “мо аз додани ин ҷарима даст мекашем.” “Газпром” моҳе пеш гуфт, Украина қариб 8 миллиард метри мукааби газро истифода накард ва тибқи қарордод, бояд пулашро бидиҳад. Янукович қарордодро “ноодилона” номид ва гуфт, пуле ки мехоҳанд, бештар аз нархи гази истифоданашуда аст. “Газпром” исрор меварзад, ки тақозои пул барои гази истифоданашуда як меъёри маъмулист, вале сафири Русия дар Боку дар моҳи январ гуфт, ин ширкат барои гази қарордодшудае, ки мебоист соли 2012 аз Озарбойҷон бигирад, пул нахоҳад супурд. Сафир баръакс чунин шеваро “муомилаи тиҷории муқаррарӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG