Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико: Марги кӯдакро "сенсатсия" накунед


Майкл МакФол
Майкл МакФол
Сафири Амрико дар Русия хост, ки ба «сентатсиясозӣ» аз марги як кӯдаки рус дар хонаводаи амрикоӣ поён диҳанд. Мақомот ва вакилони парлумони Русия тайи ҳафтаи гузашта иддао мекарданд, ки Макс Шатто, ё Максим Кузмини сесола дар моҳи январ дар аёлати Техас бо дасти модархондаш кушта шудааст. Сафири Амрико Майкл МакФол дар блогаш навишт, аз чунин чеҳранависии манфии амрикоиҳо дар матбуоти Русия «гиҷ» шудааст. Макфол гуфт, мақомоти Амрико ҳанӯз иллати марги кӯдакро мушаххас накардаанд ва «таҳқиқоти фарогир»-е ба роҳ андохтаанд. Интизор меравад, вузарои хориҷаи Русияву Амрико Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ ин қазияро дар дидори ҳафтаи ояндаашон баҳс кунанд.
XS
SM
MD
LG