Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти мошинҳои Қирғизистон дар марз бо Қазоқистон


Аз рӯзи чаҳоршанбе дар марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон тақрибан 100 мошини борбар бо меваву сабзиҷот нигоҳ дошта мешаванд.

Мақомоти гумруки Қазоқистон дар посгоҳи марзии Чон Капкаи Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти ин мошинҳо барои он будааст, ки соҳибони бор бояд барои ҳар килограм бори худ 10 сент ё 15 танга пардохт кунанд ва ба қаламрави Қазоқистон ворид шаванд.

Ин нархҳои нави Қазоқистон баъд аз вуруди Қазоқистон ба узвияти Иттиҳодияи Гумрукии Русияву Беларус ва Қазоқистон эълон шуд. Иттиҳодияи мазкур соли 2011 ташкил шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд то соли 2015 созмоне мисли Иттиҳодияи Аврупо ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG