Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Роберт Блейк дар Душанбе идома дорад


Роберт Блейк
Роберт Блейк
Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 21 феврал гуфт, ки субҳи имруз мулоқоти машварати сиёсии, ҳайтҳои Тоҷикитону Амрико оғоз шуд.
Дар ин нишаст Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст масоили ҳамкориҳои сиёсии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Баъд аз нишасти мазкур Роберт Блейк дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Дар он соҳибкорон низ ҳузур хоҳанд ёфт.

Қарор аст, дар поёни руз соати 17 Роберт Блейк роҷеъ ба натиҷаҳои сафари худ ба Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG