Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, чунин хабарнома ба ФФТ аз Конфедератсияи футболи Осиё (АFC) омадааст. Дар он гуфта мешавад, ки Ислом Маҳмадшоев комиссари бозии даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Эрон ва «Ал-Райян»-и Қатар, ки рӯзи 23-юми апрел дар Теҳрон, дар варзишгоҳи «Озодӣ» баргузор мешавад, таъин шудааст.
Ба ин бозӣ гурӯҳи доварон аз Лубнон таҳти сарварии Хадаад Андре хидмат мекунанд. Зиад Бирак ва Ҳодӣ Эл-Кассар доварони марзи майдон мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Темур Файзулини қирғизистонист. Муҳаммад Басел Ал-Хаҷар аз Сурия нозири ин бозӣ таъин гаштааст.