Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазораҳои Квейта мурдаҳои худро мегӯронанд


Тобутҳои ҳанӯз дафннашудаи қурбониёни ҳамлаи рӯзи 16 феврал
Шиъаҳои ҷанубуғарби Покистон дар пайи амалиёти давлат алайҳи ҷангиёни масъули бомбгузорие, ки 89 кушта ба ҷо гузошт, ба хатми эътирози серӯза розӣ шуданд. Ин тавофуқ дирӯз дар Квейта дар музокироти раҳбарони ҳазораҳо бо ҳайъати давлатие, ки аз пойтахт, Исломобод, эъзом шудааст, ба даст омад. Раҳбари шиъаҳо Аллома Амин Шаҳидӣ гуфт, эътирозгарон ҳоло метавонанд қурбониҳои ҳамлаи рӯзи шанберо ба хок супоранд. Хешу табори кушташудаҳо мегуфтанд, то замони иқдоми давлат алайҳи ҷангиён азизони худро дафн нахоҳанд кард. Дирӯз мақомот эълон карданд, ки дар амалиёти зидди гурӯҳи Лашкари ҷангӣ дар минтақаи Квейта 4 узви ин гурӯҳ кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG