Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ИДМ "Интерполи иқтисодӣ" созмон медиҳанд


Кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ хостори ташкили “Интерполи Иқтисодӣ” ё пулиси байналмиллалии иқтисодии худ шудаанд.

Ин дархост ҳафтаи гузашта дар ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои бозрасии молӣ ва бозрасии андози кишварҳои муштаракулманофеъ дар Украина садо дод. Дар он намояндагони Европол аз Британияву Италия ва Ҳолланд низ ширкат доштанд.
Святослав Дубина, котиби Шӯрои ҳамоҳангии “Интерполи Иқтисодӣ”-и кишварҳои муштаракулманофеъ дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ташаббуси мо дастгирӣ шуд, барои он, ки ба таври ҷиддӣ бояд ҳам бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам бо кишварҳои муштаракулманофеъ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ гуфтугӯ сурат бигирад. Аз ин пешниҳод ба таври фаъол ҳимоят карданд”.

Ҷаноби Дубина афзуд, тибқи барнома қарор аст “Интерполи Иқтисодӣ” то тирамоҳи соли ҷорӣ бо ширкати кишварҳои зинафъ нахустин ҷаласаи муассисони худро баргузор кунад.То ҳол барои узвият дар ин созмон Русияву Украина, Қазоқистону Беларусия, Озарбойҷону Арманистон, Тоҷикистону Қирғизистон ва Молдова изҳори омодагӣ кардаанд.

Кишварҳое, ки омодаи даромадан ба узвияти ин созмон ҳастанд, ҳамзамон узви Интерпол ё пулиси байналмиллалӣ низ мебошанд. Суоле пеш меояд, ки оё узвият дар ду сомони тақрибан ба ҳам мушобеҳ ба якдигар халал намерасонанд? Святослав Дубина мегӯяд, дар арсаи байналмиллалӣ барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир созмонҳои ҳамсон фаъолият мекунанд ва онҳо байни худ ҳамкорӣ доранд ва ба якдигар кӯмак ҳам мерасонанд.

Вале масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки оё ин кишварҳо ҳақ доранд, дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои созмон ҷинояткорони иқтисодии кишварҳои узвро боздошт кунанд ва ба кишвари худашон супоранд? Святослав Дубина ба ин суол чунин посух медиҳад: “Дар байни ниҳодҳои интизомӣ барои ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Созмони мо шояд ба ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон машғул нашавад ва бештар маълумотҳоро ҷамъоварӣ кунад ва дар ихтиёри кишвари онҳо гузорад. Гузашта аз ин, агар ин ҷинояткорон дар қаламрави кишварҳои узв бошанд, онҳо наметавонанд ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ машғул шаванд. Дар чунин ҳолат ин ҷо бештар аз ҷиноятҳо пешгирӣ ба амал хоҳад омад”.

Дар арсаи ҷаҳонӣ пулиси байналмиллалӣ ё Интерпол ва Европол байни худ маълумотҳоро дар бораи ҷинояткорон радду бадал мекунанд. Онҳо низ бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ, бар зидди ҷиноятҳои зиддидавлатӣ ва бар зидди ононе, ки дар бахши моликияти хусусӣ ҷиноят содир кардаанд, мубориза мебаранд. Вале “Интерполи Иқтисодӣ”-и кишварҳои мушатаракулманофеъ бештар бо ҷиноятҳои молӣ ва вобаста ба пардохт нашудани андоз мубориза мекунад.


Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев-иқтисоддони Тоҷикистон мегӯяд, ки интерпол ё пулиси байналмиллалӣ бештар бо терроризм, одамрубоӣ қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир машғул мешавад ва то ҳол мушоҳида шудааст, ки ба ҷиноятҳои иқтисодӣ камтар таваҷҷуҳ мекунад.

Интерполи иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ бо пулҳои ғайриқонунӣ ва шустушӯи пул низ мубориза мебарад. Гардиши чунин пулҳо гоҳо аз ҷое контрол намешавад. Барои ҳамин созмон мехоҳад решаи чунин ҷиноятҳоро аз байн бибарад.

Ба ақидаи ҷаноби Ҷумъаев, ҳар созмоне, ки барои мубориза бо ҷинояткорӣ, ба вижа бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ташкил мешавад, барои кишварҳои хурде, мисли Тоҷикистону Қирғистон судманд хоҳад буд, зеро ин кишварҳо тавони чандоне надоранд, то бо ин ҷиноятҳо дар арсаи байналмиллалӣ ба танҳоӣ мубориза кунанд.

Ҷумъаев мегӯяд, “ин созмон бояд кайҳо ташкил мешуд, чунки имрӯз яке аз масъалаҳои барои ин кишварҳо мушкил равшан кардани андозсупорӣ ва муомилоти молӣ мебошад. Масалан, аз як кишвар ба кишвари дигар маблағ интиқол медиҳанд. Ин маблағҳоест, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст ё аз фурӯши маводи мухаддир ва аслиҳа ҷамъ омадааст. Онҳоро интиқол медиҳад ба кишвари дигар ва онро ба истилоҳ “шустушӯ” мекунанд”.

Чунин созмон метавонад доираи гардиши чунин пулҳоро муайян кунад ва рӯшан созад, ки аз ин пулҳо андоз супурда шудааст ё хайр, аз пулҳое, ки дар маҷмӯъ шояд миллиардҳо долларро ташкил медиҳанд. Дар сурати исботи ҷинояти молӣ, ин маблағҳо ҳатто ба нафъи давлати матбуъ мусодира мешавад. Масалан шахсе аз Русия ё Украина ё ҳар кишвари дигар пули ғайриқонунии худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад ва онро ба гардиш медарорад. Сипас ин пулро аз роҳҳои расмӣ бо фоидааш ба кишвари худ бармегардонад ва онро дар кишвари худ гӯё ба расмият медарорад. Ин гуна шахсон метавонанд иддао кунад, ки ин пулро дар Тоҷикистон “кор” кардаанд.

Тоҷикистон бо кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла бо Русия бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ дорад ва ҷинояткорони иқтисодӣ низ метавонанд ба осонӣ ба ин кишварҳо ё тавассути ин кишварҳо пулҳои ғайриқонунии худро ба ҷои дигар интиқол диҳанд. Ба ҳамин далел созмондиҳандагон ташкили Интерполи Иқтисодӣ барои ин кишварҳоро муҳим мешуморанд.
XS
SM
MD
LG