Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани шикоятгар боздошт шуд


Як маъмури пулис, ки иддао карда буд аз ҷониби ҳамкоронаш мавриди латтукӯб қарор гирифтааст, бо ҳукми додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд.

Барот Беков, вакили мудофеи капитани милиса Қудратшоҳ Ҳомидов рӯзи 18-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки бо пешниҳоди Додситонии шаҳри Душанбе, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор ё санксияи боздошти зерҳимояашро содир кард ва ӯ ба боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ интиқол дода шуд.

Ба қавли вакили мудофеъ, капитани милиса Қудратшоҳ Ҳомидов бо ҷурми авбошӣ айбдор дониста шудааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 15--уми феврал, бо пешниҳоди Додситонии пойтахт барои баррасии шикояти дубораи кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сокини кӯчаи Муҳаммади Қурбони шаҳри Душанбе Дилафрӯз Олимова, додгоҳ барои тафтиши дубораи парвандаи ҷиноии капитани милиса Қудратшоҳ Ҳокимов, қарор содир кард.

Бар асоси ин қарор, то анҷоми тафтишот Қудратшоҳ Ҳокимов, сардори Шӯъбаи кофтукови чиноятии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд.

Қудратшоҳ Ҳамидов, сардори бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки мавриди таҳқир ва латукӯби кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз 38 соат ӯро ба боздоштгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурда, тайи чаҳор рӯз онҷо нигаҳ доштанд ва касеро нагузоштанд, ки наздаш дарояд.

Дар ин миён кормандони Шуъбаи умури дохила аз Додситонии шаҳри Душанбе дархост карданд, ки алайҳи капитани милиса Ҳомидов бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз намояд. Капитан Қудратшоҳ Ҳомидов мегӯяд, ӯро барои он боздошт ва латукӯб кардаанд, ки мехост "шикояти мардумро дар бораи истифодаи як хонаи истиқоматии Душанбе ба унвони фоҳишахона", тафтиш кунад.

Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, то анҷоми тафтишоти пешакӣ гуфта намешавад, ки дар ин қазия капитани милиса Қудратшоҳ Ҳомидов то кадом андоза айбдор аст.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли вакили мудофеъ Барот Беков, дар нахустин баррасии парвандаи капитани милиса, рӯзи 12-уми феврал Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар рафтори Ҳомидов амали ҷиноӣ мушоҳида накарда, ӯро озод намуда буд.

Аммо пас аз шикояти дигарбора аз тарафи кормандони милиса, Додситонии шаҳри Душанбе парвандаи ӯро барои тафтишоти дубора пешниҳод кард ва то анҷоми таҳқиқот, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG