Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба думболи Роғун тарҳи Қамбарота ҳам сиёсӣ шуд"


Нерӯгоҳи Норак.
Нерӯгоҳи Норак.

Узбакистон гуфтааст, ки дар татбиқи тарҳи ниругоҳи Қамбаротаи Қирғизистон иштирок намекунад. Коршиносони мегӯянд акнун ин тарҳ низ ба саддҳои мушкилгузар рӯ ба рӯ мешавад.

Узбакистон дар баробари мухолифаташ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии бузург дар болооби рӯдҳои Осиёи Марказӣ ба вижа нерӯгоҳҳои барқи Обии Қамбаротаи Қирғизистон ва нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон ҳамеша исрор варзидааст, ки дар сурати тасдиқи байналмилалии бехатарии сарбандҳои бузург ба муҳити зисти минтақа ва ҷавобгӯии ин иншоот ба меъёрҳои фаннӣ дар чорчӯби консортсиумҳои байналмилалӣ ҳозир аст дар сохтмони ин нерӯгоҳҳо саҳм бигирад.

Вале коршиносон мегӯянд, гуфтаи Узбакистон баъзан бо кардааш фарқ дорад ва дар ниҳояти амр ҳадафи Узбакистон аз талаби экпертизаи нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон таъхиру таваққуфи ин лоиҳаҳо мебошад.

Ахиран Қирғизистон барои рафъи нигарониҳои Узбакистон ин ҷумҳуриро ба сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 даъват кард. Аммо ба назар мерасад, ки ин пешниҳоди ҷониби қирғиз ихтилофи Узбакистонро аз байн набурдааст.

Рӯзи сешанбе вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон гуфт, мутаассиф аст, ки Узбакистон хоҳиш надорад, дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота ширкат варзад. Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон ҳар гуна айбномаҳо дар мавриди нодидагирии манфиатҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ҷараёни сохтмони ин нерӯгоҳро рад намуда, таъкид кард, ки Қирғизистон ҷонибдори муколамаи баробарҳуқуқи кишварҳои минтақа дар сохтмони иншооти обу барқ ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби ҳавзаи рӯди Сирдарё мебошад.

Ба қавли шореҳи мустақили тоҷик Фаррух Умаров, Узбакистон худро пешвои минтақаи Осиёи Марказӣ мебинад ва саъй дорад ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ба мисли сохтмони нерӯгоҳҳои Қамбарота ва Роғун садои ҳалкунанда дошта бошад. Ахиран мақомоти Тошканд таъкид карданд, ки дар ҳоли бунёди Роғун, соҳаи кишоварзии Узбакистон ҳар сол то 600 миллион доллар зиён хоҳад дид.

Фаррух Умаров, коршиноси тоҷик
Фаррух Умаров, коршиноси тоҷик
Аммо Умаров мегӯяд, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо нияти ҳифзи ҳусни ҳамҷаворӣ ва рафъи ихтилофҳо то ҳаде ба тақозоҳои Узбакистон посухи мусбат додаанд. Ба гуфти шореҳи тоҷик, Тоҷикистон воқеан такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо сарбанди 335 метрааш боиси нигарониву эътирозҳои Узбакистон шуда буд ва аз ин рӯ, бо дархости Тоҷикистон ду сол пеш Бонки ҷаҳонӣ ба экспертиза ва ё ташхиси фарогири тарҳи «Роғун» оғоз кард. Интизор меравад, ин экпертиза ба баҳси байни Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон, хотима гузорад. Дар ин муддат ҳарду ҷониб гурӯҳи коршиносони бонкро ба тарафдорӣ аз мавқеи мухолифи худ айбдор кардаанд.

Узбакистон ҳарос дорад, ки обанбори "Роғун" сабаби коҳиши маҷрои об ба Узбакистон мешаванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро беасос медонанд ва мегӯянд, омодаи инанд, ки нигарониҳо аз тарафи ҳайати бетараф баррасӣ шаванд. Коршинсонони Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ошкоро хулоса худро нагуфтаанд, вале таъкид кардаанд, ки беҳтар аст, ба нерӯгоҳҳои хурд бартарӣ дода шавад.

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Раҳимбек Мамиров иброз дошт, ки Қирғизистон дарҳояшро ба ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои Қамбарота боз нигаҳ медорад.

Нерӯгоҳи Қамбарота-2 дар Қирғизистон.
Нерӯгоҳи Қамбарота-2 дар Қирғизистон.
Бо ишора ба тақозои экпертизаи фанниву зистмуҳитии ин нерӯгоҳ, ҷаноби Мамиров гуфт, ки нерӯгоҳҳои Қамбарота дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта аз тарафи пажӯҳишгоҳи "Гидропроект"и шаҳри Тошканди Узбакистон гузаронида шудааст ва феълан дар ин сохтмон меъёру тақозоҳои нави амниятӣ мадди назар гирифта мешаванд.

Дар мавриди истифодаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон хотирнишон кардааст, ки соли 1998 ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон қарордоди истифодаи захираҳои барқу оби Осиёи Марказиро имзо кардаанд, ки имкони таъмини об бар ивази ангишт, мазут ва газро фароҳам меорад, вале солҳои ахир Узбакистон аз баррасии созишҳои бисёрҷониба худдорӣ карда, дар амал сабабгори татбиқи кунди ин қарордод шудааст.

Ба қавли вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, тирамоҳи гузашта Қирғизистон ва Русия бо миёнаравии Қазоқистон дар бораи такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 ба мувофиқат расиданд ва дар навбати аввал Қазоқистону Узбакистонро ба ширкат дар ин сохтмон даъват шуданд. Вале ба қавли мақомоти қирғиз, Узбакистон аз ҳамкорӣ дар чорчӯби ин барнома даст кашида, дар ҷаласаҳои сохтмончиёни Қамбарота-1 иштирок намекунад.
XS
SM
MD
LG