Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон роҳи нави оҳан месозад ва дигар аз Суғд намегузарад


Узбакистон ба нақша гирифтааст, ки тавассути ағбаи Қамчиқ қисмати шарқии кишварашро бо қаламрави аслиаш бипайвандад. Ин роҳи нав аз қаламрави Тоҷикистон намегузарад. Баландии ин ағба 2,2 ҳазор метрро ташкил медиҳад ва аз он фақат роҳи мошинрав убур мекунад ва ноҳияи Попи вилояти Намангонро бо шаҳри Тошканд васл мекунад.

Бино ба хабарҳои матбуот, роҳи нави оҳан 129 километр хоҳад буд ва дар имтидоди марзи Тоҷикистон сохта мешавад. Сохтмони роҳ соли 2014 оғоз меёбад ва арзиши он 1 миллиарду 900 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин роҳ аз ду нақб мегузарад. Сохтмони роҳ 5 солро дар бар хоҳад гирифт.

Солҳои пеш хатти роҳи оҳани миёни Тошканду Намангон аз қаламрави Тоҷикистон аз вилояти Суғд мегузашт ва ҳар сол барои он Тоҷикистон 25 миллион доллар аз Узбакистон мегирифт.
XS
SM
MD
LG