Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Амрико ҳамкорӣ бо "Ком Эйр"-ро идома медиҳад


Артиши Амрико ҳамкориро бо ширкати ҳавопаймоии афғонии “Ком Эйр”, ки қаблан ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам карда буд, идома медиҳад. Артиши Амрико дар як баёния гуфт, ҳукумати Афғонистон ба таҳқиқи фаъолияти “Ком Эйр” мепардозад ва то замони анҷоми ин таҳқиқ, ҳамкорӣ бо ин ширкати бузурги хусусӣ идома хоҳад кард. Артиши Амрико қаблан гуфта буд, ба далели даст доштани “Ком Эйр” дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон, аз ҳамкорӣ бо ин ширкат даст мекашад. Низомиёни Амрико гуфтаанд, ба ҳукумати Афғонистон дар таҳқиқи иддаъоҳо доир ба даст доштани “Ком Эйр” дар қочоқ кӯмак хоҳанд кард. Ба гуфтаи Артиши Амрико баъди анҷоми ин таҳқиқ, иқдомоти баъдӣ нисбат ба “Ком Эйр”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳам “Ком Эйр” ва ҳам мақомоти Тоҷикистон иддаъоҳо дар бораи қочоқи маводи мухаддирро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG