Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод ба Миср сафар мекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон озими Қоҳира, пойтахти Миср шуд ва нахустин раиси ҷумҳури Эрон хоҳад буд, ки бори аввал дар тӯли 30 соли ахир аз Мисрр боздид мекунад. Бино ба гузоришҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи сешанбе бо Шайх Аҳмад ал-Тайиб яке аз рӯҳониёни мӯътабари мисрӣ дар донишгоҳи Ал-Азҳар мулоқот мекунад. Маҳмуди Аҳмадинажод бо як ҳайъати расмӣ дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ширкат мекунад, ки рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ мешавад. Баъди қиёмҳои мардумӣ дар Миср ва суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011, Эрону Миср барои беҳбуди равобит қадамҳое бардоштаанд. Ин ду қудрати минтақавӣ дар Ховари Миёна баъди Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 ҳамкориҳои дуҷонибаро қатъ карда буданд. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср, соли гузашта барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Ҷунбиши мамолики ғайримутааҳид ба Теҳрон сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG