Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмак ба осебдидагони ҷанги Сурия шуд


СММ дархост кардааст, ба Сурия, ки дар нооромиҳои дохилӣ харобиҳои зиёд ба бор омадааст, кӯмакҳои бештар расонда шавад. Ин дархост рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси 60 кишвари кӯмаккунанда дар Кувайт матраҳ шуд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ аз ҳар ду тарафи диргир, ба вижа аз ҳукумати Сурия хост, ки “ба номи башарият” ҷангро хотима диҳанд. Мақомоти расмии СММ хостаанд, барои ононе, ки дар ҷанг осеб дидаанд ва барои тақрибан 700 000 паноҳҷӯ бештар аз 1,5 миллиард доллар кӯмак кунанд.

Кувайт қавл додааст, ки 300 миллион доллар кӯмак мекунад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо 400 миллион доллар ваъда додаанд.

Русия ва Эрон ҳам, ки аз кишварҳои калидии ҷонибдори Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мебошанд, дар ин конфронс ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG