Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои Фаронса вориди Тимбукту шудаанд


Тимбукту. Акси соли 1853
Фаронса мегӯяд, нирӯҳояш вориди шаҳри таърихии Тимбукту дар шимоли кишвари африқоии Малӣ шудаанд. Сухангӯи низомиҳои Фаронса Террӣ Бурхард гуфт, даргирие бо ҷангиёни исломӣ дида намешавад, вале нирӯҳои Фаронсаву Малӣ ҳанӯз шаҳрро пурра таҳти назорат наовардаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд аммо гуфт, нирӯҳои эътилоф дар ин ҷанг ғолиб шуда истодаанд.
Исломиҳо соли гузашта шимоли Малиро тасарруф карда, ба самти пойтахташ – Бамако – пешравӣ доштанд, вале Фаронса дар авоили моҳи январ дахолат кард ва ба Малӣ нирӯ даровард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG