Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зеркало": Нисфи мардум дар фикри тӯю хонахарист


Мавзуна Чориева дар соли 2012 арӯсӣ кард
Мавзуна Чориева дар соли 2012 арӯсӣ кард
Дар як назархоҳии созмони “Зеркало”, 68 дарсад аз 910 нафари пурсидашуда дар Тоҷикистон соли 2012-ро барои худ як соли муваффақ хондаанд. 22,5 дарсад соли гузаштаро як соли муқаррарӣ дарёфта, аммо 6,8 дарсад гуфтаанд, ки соли мушкиле буд, то осон.

Пурсидашудаҳо 20-солагии истиқлол, кушоиши нақби Шаҳристон ва солгарди 20-уми иҷлосияи 16-умро, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, аз муҳимтарин ҳодисаҳои соли 2012 ном бурдаанд. Овозаҳо дар бораи расидани қиёмат, таҷлили Наврӯз, нишони биринҷии Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон ва сӯхтор дар бозори “Корвон” низ дар радифи ҳаводиси хотирмони сол омадааст, вале бо фоизи камтар.

Дар посух ба суоли “Зеркало” дар бораи нақшаҳояшон дар соли 2013, 28,8 дарсад баргузории тӯйи фарзандон ё издивоҷи худро ном бурда, 22,9 дарсад аз қасдашон ба сохтан ё харидани хона ва 21,7 дарсад аз қасди тармими манзили худ сӯҳбат кардаанд. Дар фикри 11,8 дарсад рафтан барои мардикорӣ ба Русия ва барои 8,7 дарсад харидани мошин дар мадди аввал будааст.

4,5 дарсади пурсидашудаҳо дар ин назархоҳӣ гуфтаанд, қасди сафари Ҳаҷро доранд. 2,3 дарсад барои пардохтани қарзи худ омодагӣ дошта, 2,3 дарсади дигар дар фикри харидани чорво будаанд ва танҳо 0,8 дарсад гуфтаанд, ки мехоҳанд имсол ба саёҳати хориҷӣ бираванд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG