Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Носфурӯшӣ дар Тоҷикистон "танзим" мешавад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки сар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, фурӯши тамоку дар кишвар бо гирифтани иҷозатнома сурат бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28 –уми январ фармон додааст, ки додугирифти маҳсулоти тамоку дар зери назорат гирифта шавад.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, тибқи фармони нав “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”, фурӯши маҳсулоти тамоку аз 1 -уми апрел дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад.

Дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки оғози соли 2011 дар Тоҷикистон қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад, ки нақзи он аз 35 сомонӣ бештар ҷарима ба дунбол хоҳад дошт.

Аммо то куҷо талошҳои давлат истеъмоли тамокуро дар Тоҷикистон коҳиш додаанд? (Навор аз бойгонӣ)
Тамокукашӣ камтар шудааст ё бештар?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим

Тибқи таҳқиқоти Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ шумораи тамокукашон дар ҷаҳон 20 миллион афзуда ва ба 1,3 миллиард нафар баробар шудааст. Ба гуфтаи ин созмон, дар сартосари ҷаҳон ҳар сол бештар аз 5 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG