Муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи чоршанбе зимни анҷоми лоиҳаи ЮСАИД марбут ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон гуфт, ки «ҳукумат дар сатҳи хеле олӣ мехоҳад то ислоҳоти заминро анҷом диҳад чун ҳанӯз корҳои зиёде дар ин росто боқӣ мондаанд. Ба ин далел ислоҳоти замин бидуни кумаки ЮСАИД имконнопазир аст.»
Муродалӣ Алимардон аз кӯмаки ҳукумати ИМА ва ба хусус ЮСАИД изҳори ташаккур кард ва илова намуд, ки бо мусоидати ин созмон кишоварзони тоҷик дар зимни истифодаи замин роҳи худро пайдо кардаанд: «Деҳқонон метавонанд аз замин хуб истифода кунанд ва ҳатто онро ба иҷора бидиҳанд, то аз он манфиате бардоранд.»
Бо ин ҳам муовини нахуствазири Тоҷикистон таъкид кард, ки "бо он ки ислоҳоти замин дар Тоҷикистон ҷараён дорад, кишоварзони тоҷик наметавонанд заминро фурӯшанд, чун замин моликияти давлат аст».
Аммо Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе, кӯмаки Амрикоро барои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ба хусус ислоҳоти замин дар Тоҷикистон беғаразона унвон кард ва гуфт, ки «бе раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дастандаркорони лоиҳа ба муваффақият ноил шуда наметавонистанд».
Сюзан Эллиотт бар ин бовар аст, ки ислоҳоти замин, вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистонро беҳтар намуда, аз ин тариқ амнияти озуқаворӣ таъмин хоҳад шуд.
Зеро ба таъкиди сафири ИМА, «кишоварзони тоҷик бояд донанд, ки онҳо ҳуқуқ ба замин доранд ва аз он барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии хонаводааҳояшон истифода баранд».
Сюзан Эллиотт ба ислоҳоти кодекси замин, ки аз сӯи ҳукумат ва порлумон дар моҳи августи соли гузашта ишора кард ва гуфт, «дар пайи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба ин кодекс сармояи хориҷӣ ба кишвар, ба вижа соҳаи кишвоварзӣ сарозер хоҳад шуд, ки омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон мегардад».
Зимнан, лоиҳаи ЮСАИД марбут ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон муддати се соли ахир мавриди иҷро қарор дошт ва заминаро барои бозори ҳуқуқии истифодабарандагони замин фароҳам меорад.
Ин аст, ки дар ин муддат, ба беш аз 100 ҳазор сокин машваратҳои омӯзишӣ ҷиҳати касби ҳуқуқу манфиатҳо дар заминаи истифодабарии замин дода шуда, ҳамчунин дар чорчуби он намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии давлатӣ, додрасу додситонҳо ва адвокатҳо низ омӯзонда шуданд. Таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, ба хусус мутобиқ гардонидани қонунгузории замин низ аз дигар самтҳои лоиҳаи ислоҳоти замин дар Тоҷикистон тавассути ЮСАИД будаааст. Дар ин ҷода гурӯҳи корӣ низ созмон дода шуд, ки ба такмили санадҳои қонунгузорӣ дар робита ба замин машғул буд.
Муҳимияти ин лоиҳа он будааст, ки дар чорчӯби он баҳсҳои судӣ низ анҷом шуда ва аз 55 баҳс, 53 - тои он ба нафъи кишоварзон ҳал шудааст. Мутахассисони лоиҳа мегӯянд, иҷрои ин лоиҳа имкон дод, то мизони камбизоатӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёбад.
Дар ҳамин ҳол Сюзан Эллиотт, сафири ИМА ислоҳоти замин дар Тоҷикистонро аз талошҳои пайгиронаи ҳукумати ИМА унвон кард ва гуфт, ба ин далел лоиҳаи дигаре рӯи даст аст, ки «Озуқа барои оянда» (Feed the Future) ном дорад ва рафъи сабабҳои асосии гуруснагӣ ва камбизоатӣ аз ҳадафи аслии он аст. Ин лоиҳа сокинони 12 ноҳияи вилояти Хатлон, ба хусус занону кӯдаконро дар бар мегирад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 дар сади ҷамъият дар Тоҷикистон дар сатҳи камбизаотӣ ба сар мебард. Мақомот мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба 10 соли пеш ду баробар коҳиш ёфтааст.