Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳои фаромӯшшуда аз инқилоби соли 1917 дар Русия


Дар шаҳри Калифорнияи Амрико аз як зерзаминӣ ва ё таҳхона, аксҳои даврони Инқилоби Болшевикии соли 1917 дар Русия, пайдо шудаанд.

Антон Орлов, аз дӯсторони ҳунари аккосӣ, соли 2005 дар ҳоли сарак кашидан ба ганҷинаи қадимии зерзаминие дар шимоли Калифорния, ба аксҳое бархӯрд, ки ҳайрати ӯро барангехт.

Ӯ дар ин зерзаминӣ ганҷинае аз аксҳои шишагии бо даст ранг шударо пайдо кард, ки шомили маҷмӯаи аксҳое аст, ки як кашиш ё роҳиби амрикоӣ ба номи Ҷон Велл Раҳилл, дар ҷараёни инқилоби соли 1917-и Русия гирифтааст.

Ҷон Велл Раҳилл, кашиши амрикӣ ва хатмкунандаи Донишгоҳи Яле ( Yale University) дар соли 1906, соли 1917 ба Русия рафт то шоҳиди Инқилоби Болшевикӣ дар ин кишвар бошад.

Дар ин маҷмӯа аксҳое аз Чин ва Ҷопон низ вуҷуд дорад.


XS
SM
MD
LG