Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек


Имрӯз, 22-юми январ, дар Бишкек музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт ва то чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Бино ба маълумоти расмӣ Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қарор аст, намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти Бишкек, ки чаҳор рӯз идома хоҳад дошт, 40 километри хатти марзашонро тасдиқ кунанд.

Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили марзӣ, ки ҳайати қирғизиро дар гуфтушунидҳо роҳбарӣ мекунад, ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, минтақаҳое марзбандӣ хоҳанд шуд, ки мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқат мекунад. Вале дар қисматҳои дигар гурӯҳи корӣ ва харитакаш, томографҳо корро идома хоҳанд дод.

Ғиёсидин Эҳсонов, намояндаи Суғд дар Бодканди Қирғизистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, то ҳол хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои Вилояти Мухтори Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Вале хатти сарҳад байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд аз нуқтаҳои ҳассос ва баҳсбарангез боқӣ мемонанд: “Ҳозир ҷонибҳо сари муайян кардани хатти марз байни Суғду Бодканд, дар ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ғончӣ, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ кор карда истодаанд. Дар ин қисмат ҷойҳои баҳснок зиёд аст, ки мавқеи ҷонибҳо ҳанӯз яксон нашудааст.”

Зарифӣ дар бораи Сӯх ва демаркатсияи марзҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00


Мусоҳиби мо афзуд, баҳси ҷонибҳо сари муайян кардани хатти марз аз рӯйи харитаҳои солҳои гуногуни замони Шӯравӣ, аз ҷумла солҳои 1926, 1956 ва 1989 ҷараён дорад. Барои раҳбарони вақти Шӯравӣ “зиёд”-у “кам” кардани қаламрави ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ як кори маъмулӣ буд ва аз ин ҷо харитаҳои он давра хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро гуногун нишон медиҳанд. Мақомоти қирғиз сари бозгашт ба харитаи аввали солҳои 50-уми асри гузашта пофишорӣ доранд. Токон Мамитов, раиси нави Хадамоти марзбонии Қирғизистон, гуфтааст, чунки дар харитаи соли 1956, ба гуфтаи вай, мавзеъҳои Ворух ва Чоркӯҳ, ки гӯиё қаблан ба Қирғизистон тааллуқ доштаву ба Тоҷикистон ҳадя кардааст, ҷузъи Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Дар мавриди мавзеъгирии Тоҷикистон дар ин маврид ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, дар ин гуфтушунидҳо ҷониби ғолибу мағлуб нахоҳад буд. Ҷониби Тоҷикистон зимни аломатгузории марзҳо аз асноди таърихие, ки дар бойгониҳо маҳфузанд, истифода хоҳад кард. Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, зимни марзбандӣ бояд мақомоти тоҷику қирғиз аз ҳама аввал халалдор накардани низоми зиндагии осоиштаи мардумро дар мадди назар бигиранд: “Чунки дар қаламрави Шӯравӣ хатти марзҳо “шартӣ” буданд. Барои тоҷикону қирғизҳои наздимарзӣ хатти сарҳад аҳамияте надошт. Аз ин ҷост, ки қирғизҳо низ аз солҳои 60-уми асри гузашта то канори шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, махсусан дар қисмати Ғафуров наздик омаданд ва муқимӣ шуданд. Ин маънии онро надорад, ки Тоҷикистон аз он заминҳо мустақилона даст кашидааст. Дар ихтиёри якдигар гузоштани пораҳои замин дар замони Шӯравӣ аз ҷониби раҳбарони вақт умдатан ба хотири судҷӯии иқтисодӣ, масалан, насупурдани андоз аз заминҳои харобу камдаромад сурат мегирифт. Имрӯз ҷоиз нест дар ин асос ҷумҳуриҳо ба якдигар даъво пеш оранд.”

Ба назари ин коршинос, дар рӯзҳои мо “табартақсим”-и хатти марзи муштарак миёни ҷазирақаламрав ё анклавҳои Тоҷикистону Қирғизистон як кори хеле сангин аст, ки метавонад низоми зиндагии маъмулии сокинони наздимарзиро барҳам занад ва ба муноқишаву низоъҳо замина гузорад. Зимнан, бино ба маълумоти расмӣ, дар музокироти марзии Бишкек аз вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилоят ва Орифҷон Хоҷаев, раиси кумитаи заминсозӣ ширкат меварзанд.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое ҳам сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз карда, печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.
XS
SM
MD
LG