Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон шиканҷаи зиндониёнро рад мекунад


Мақомоти Афғонистон иддаои СММ дар ин бора, ки зиндониёнро дар зиндонҳои ҳукуматии Афғонистон шиканҷа медиҳанд, рад карданд.

Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон эътроф кард, ки мавориди “бадрафторӣ” аз тарафи пулис ва зиндонбонон вуҷуд доштааст, вале шиканҷа сиёсати ҳукумат нест.

Ҳисомуддин Ҳисом-раиси омили Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, ононе, ки ба суолҳои кормандони Намояндагии Кӯмаки СММ посух додаанд, “дурӯғ” мегӯянд.

Аммо Ҷеорҷет Кагнон-мудири бахши ҳуқуқи башари ин созмон дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар паси гузориши онҳо ҳеҷ ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG