Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳо аз Диёболӣ ақиб нишастанд


Нирӯҳои Фаронсаву Малӣ таҳти ҳимояти чархболҳо вориди шаҳри Диёболӣ шуданд. Ин шаҳр як ҳафта қабл аз сӯи чирикиҳои исломӣ тасарруф шуда буд. Манобеъи амниятӣ мегӯянд, ҷангиён шаҳрро тарк карда, ба самти шимол ақиб менишинанд. Фаронса рӯзи 11 январ дар пайи ҳаракати чирикиҳо ба самти пойтахти Малӣ –Бамако – амалиёти низомиаш дар ин кишвари африқоиро шурӯъ кард. Чирикиҳо баъди кудатои низомии моҳи марти соли гузашта дар Бамако шимоли Малиро забт ва дар ин қаламрав қонунҳои Шариатро ҷорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG