Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати тоҷикҳо дар қочоқи маводи мухаддир кам шудааст


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар қаламрави кишвар 28 шаҳрванди хориҷиро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар як баёнияе гуфтааст, ки 16 нафар, яъне бештар аз нисфи хориҷиёни боздоштшуда шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки ҳамсоякишвар ва бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст.

Бо айни иттиҳом 5 шаҳрванди Эронро низ соли гузашта дар Тоҷикистон боздошт кардаанд, ки тамоюли наве дониста мешавад. Бақияи боздоштшудагон аз Узбакистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Украина будаанд.

Агар омори Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, дурусту комил бошад, пас соли гузашта, шаҳрвандони Тоҷикистон камтар ба қочоқи маводи мухаддир даст задаанд. Бар асоси омори оҷонсӣ, боздошти тоҷикон дар хориҷ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиёда аз ним баробар ҳам камтар шудааст.
Агар соли 2011, 630 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ бо иттиҳоми қочоқи ҳероину тарёку афюн боздошт шудаанд, пас соли гузашта теъдоди онҳо 297 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2012, 54,3% камтар аст.

Дусаду ҳафтоду чаҳор нафар, яъне бештари онҳое, ки аз ин роҳи “осону” хатарнок ва ғайриқонунӣ пул ёфтан мехостаанд, дар Русия боздошт шудаанд. Агар чунин иттиҳом нисбати 16 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта дар Узбакистон боздошт шудаанд, дуруст бошад ва собит шавад, пас онҳо бахше аз умри худро дар зиндонҳои ин ҳамсоякишвар сипарӣ хоҳанд кард.

Дар дохили кишвар дар соли гузашта 946 нафарро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд ва аз ҳисоби тамоми ҷиноятҳое, ки дар Тоҷикистон содир кардаанд, 5,4 дар сад ба қочоқи маводи мухаддир иртибот доштааст. Дар маҷмӯъ бештар аз 940 нафарро дар Тоҷикистон бо ҳамин иттиҳом боздошт кардаанд.

Тоҷикистон як роҳи аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо дониста мешавад ва соли 2012 дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тақрибан 6 тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст. Соли гузашта дар як арзёбие, ки коршиносони Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал анҷом додаанд, гуфта шудааст, бештар аз нисфи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупо меравад, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст, агарчӣ мақомоти расмӣ мегӯянд, ин омор муболиға аст.
XS
SM
MD
LG