Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба рӯйи мансабдори Болшой туршӣ пошидаанд


 Сергей Филин
Сергей Филин
Мудири эҷодии театри Болшойи Русия Сергей Филин мавриди ҳамлаи афроди ниқобпӯш қарор гирифтааст.Сухангӯи театри Болшойи Русия Катерина Новикова гуфтааст, ки ниқобпӯшон ба рӯи Филин туршӣ (кислота) рехтаанд ва ҳоло ӯ бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол дода шудааст. Ба қавли Новикова дар гузашта ба Филин таҳдиди ҳамла карда буданд ва эҳтимол ҳамла ба кори ӯ дар Болшой иртибот дошта бошад.
Шоми панҷшанбе ҳангоми бозгашт ба хона раиси театри Болшой ҳам мавриди ҳамла қарор гирифт. Полиси ноҳияи Мешанскийи пойтахти Русия тафтиши ҳодисаро шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG