Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии кишварҳои собиқи шӯравӣ 13-ум буда, аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст. Мавқеи дастаҳои миллии ин кишварҳо дар феҳристи FIFA чунин аст: Русия (9), Украина (44), Узбакистон (56), Беларус (65), Гурҷистон (72), Арманистон (75), Эстония (83), Латвия (104), Литва (116), Озарбойҷон (118), Молдова (128), Туркманистон (129), Тоҷикистон (135), Қазоқистон (142), Қирғизистон (198).
Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дуввум ва Аргентина дар ҷойи саввум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия, Колумбия, Инглистон, Португалия, Ҳолланд, Русия ва Хорватия ҷойгир шудаанд. Ҷойи Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё чандон бад нест ва кишвар дар миёни кишварҳои минтақа мақоми 18-умро дорад.
Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (21), Кореяи Ҷанубӣ (34), Австралия (36), Узбакистон (56), Эрон (60), Чин (86), Ироқ (89), Урдун (95), Кореяи Шимолӣ (99) ва Имороти Муттаҳидаи Араб (103).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта 6 бозӣ анҷом дод: 1 бозӣ дар доираи даври саввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ - 1:1, 3 бозӣ дар даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал бо мунтахаби Ҳиндустон – 2:0, Кореяи Шимолӣ – 0:2, Филиппин– 1:2 ва 2 бозии дӯстона бо мунтахаби Қатар – 2:1 ва тими миллии Эрон – 1:6. Ба ин тартиб футболбозони тоҷик дар 2 бозӣ пирӯз шуда, 1 бозиро мусовӣ кардаанд ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдаанд, таносуби тӯбҳояшон 7-12 мебошад.
Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд. FIFA аз соли 1993 рейтинги мазкурро нашр мекунад ва имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад. Рейтинги нави FIFA 14-уми феврали соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.