Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз амалиёти Алҷазоир нигарон шудааст


Ҳукумати Амрико мегӯяд, аз гузоришҳо дар бораи талафот дар амалиёти раҳоии гаравгонон дар Алҷазоир нигарон аст, ки дар як корхонаи коркарди газ ба дасти тундравони исломӣ афтоданд. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳукумати Амрико аз Алҷазоир хостааст, амалиёти мазкурро шарҳ диҳад. Ҳукумати Бритониё гуфтааст, ки Алҷазоир онҳоро пешакӣ аз ин амалиёт огаҳ накардааст. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, гаравгонгирӣ дар Алҷазоир нишон дод, ки амалиёти Фаронса дар ҳамсоякишвари Малӣ кори дуруст аст. Рӯзи чаҳоршанбе тундравони исломӣ дар корхонаи коркарди гази Аменас дар Алҷазоир даҳҳо хориҷиву кормандони маҳалли онҷоро гаравгон гирифтанд. Онҳо аз Фаронса талаб доштанд, ки амалиёт алайҳи шарикони онҳо дар Малиро қатъ кунад. Ба гуфтаи ин тундравон дар ҷараёни амалиёти рӯзи панҷшанбе 34 гаравгон ва 14 гаравгонгир кушта шуданд. Ба гуфтаи расонаҳои алҷазоирӣ чанд хориҷиро аз дасти гаравгонгирон наҷот додаанд.
XS
SM
MD
LG