Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон созишномаи марзӣ бо Чинро тасвиб кард


Парлумони Тоҷикистон Cозишномаи низоми марзии Тоҷикистон ва Чинро рӯзи панҷшанбе тасвиб кард.

Созишномаи мазкур, ки аз 10 фасл иборат аст, асосан масоили тартиби убури марз, ҳали моҷароҳои марзӣ ва дигар фаъолиятҳои марзии ин ду кишварро танзим менамояд.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният гуфт, Чин аз кишварҳои асосии сармоягузори Тоҷикистон аст ва даҳҳо лоиҳаҳои пураҳамияти минтақавӣ бо кӯмаки ин кишвар амалӣ мешаванд.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов
Ӯ афзуд, «бо назардошти ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҳамсоягӣ, баъзе аз масоили низоми сарҳадии Тоҷикистону Чин берун аз майдони танзими ҳуқуқӣ монда, зарурати қабули санади танзимкунандаеро тақозо дошт, ки ба инобат нагирифтани он эҳтимоли гуногунфаҳмӣ ва сард шудани ҳамкориҳои давлатҳои ҳаммарзро ба миён меовард. Маҳз ба ҳамин хотир 5 -уми июни соли гузашта дар Пекин санади мазкур аз ҷониби президенти Тоҷикистон ва ҳукумати Чин ба имзо расид.»

Амирқул Азимов аз ҷумла гуфт, ин мувофиқатнома имконият медиҳад, ки аксари масоили ҳассоси муштараки марзӣ, ҳал шаванд. Дар ин баробар Саттор Холов, вакили парлумон, рӯи он таъкид мекунад, ки созишномаи мазкур то як андоза рафтуомади сокинони наздимарзиии ду кишвари ҳамсояро осон хоҳад кард: «Масалан агар дар сарҳад ягон сохтмон шавад, дар ин ҳолат намояндаҳои сарҳадӣ ба таври содакардашуда, яъне бо дидани ҳуҷҷатҳо барои убури марз, иҷозат медиҳанд.»

Тӯли марзи миёни Чину Тоҷикистон 494 км ва 953 метр буда, вакилони парлумон тасвиби чунин як мувофиқатномаро барои густариши ҳамкориҳои ин ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Аммо мутахассисони тоҷик ин санадро бештар ба нафъи Чин медонанд. Ба андешаи онҳо, Чин ҳамеша талош кардааст ба манфиати худ ва ба хотири ҳарчӣ бештар фароҳам кардани шароит барои ҳиҷрати шаҳрвандонаш, ба хусус ба ҳамсоякишварҳо иқдом кунад. Аввалин созишномаи марзӣ миёни ин ду кишвар соли 1999 ба имзо расида буд ва тақрибан аз нимаҳои соли 2000-ум ҳузури афзояндаи коргарон ва шаҳрвандони чинӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасад.

Хуршед Атовуллоев, сардабири ҳафтаномаи "Фараж"
Хуршед Атовуллоев, сардабири ҳафтаномаи "Фараж"
Хуршеди Атовулло, таҳлилгари тоҷик ва сардабири нашрияи «Фараж», тасвиби созишномаи ҷадидро як навъ хатар ба Тоҷикистон унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, «агар чунин созишнома бо Русия ва ё ҳатто бо Узбакистон имзо мешуд, дар ин маврид изҳори ташвиш намудан нодуруст мебуд. Зеро мо хуб медонем, ҳадафи ин кишвар пеш аз ҳама ҷойгир кардани диаспораи худ дар ин ё он кишвар мебошад. Мо бо Қирғизистон ва Узбакистон масъалаҳои марзӣ дорем, аммо бо ин зудӣ имзо шудани чунин созишнома маҳз бо Чин танҳо ба хотири осон кардани будубоши чиниҳо дар Тоҷикистон аст. Чун вақте Чин лоиҳаҳои худро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, шарти аслияш ин аст, ки кормандонаш чиниҳо бошанд. Ҳамин тариқ бархе аз онҳо дар кишвар мемонанд ва диаспораҳо ташкил кардаву оҳиста-оҳиста мавқеъ пайдо мекунанд.»

Соҳибназарони тоҷик, бо ишора ба сиёсати вижаи Чин, ки бештар бо номи “таҳдиди хазанда” маъруф аст, мегӯянд, Тоҷикистон як кишвари кӯчак аст ва бо вуруди бештари коргарони чинӣ ба ин кишвар, метавонад ба як деҳкадаи чинӣ табдил шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, агар соли 2007 теъдоди шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон 30 ҳазор нафар буд, соли 2010 ин рақам ба 82 ҳазор нафар расидааст. Чин яке аз ҳамкорони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад ва аз соли 2007 то 2011 наздики 516 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар сармоя ворид кардааст.

Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик пиёда шудани 50 тарҳ дар доираи ҳамкориҳои муштараки миёни ин ду кишвар низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG