Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоҳкан зери чоҳ: Боздошти шахсе, ки сари чанд ҷавонро "хӯрдааст"


Дар фурудгоҳи Кӯлоб нафаре боздошт шудааст, ки дар меъдаи ҷавонон барои интиқол ба Русия маводи мухаддир ҷой мекардааст.

Ин нафар дар ҳоле дастгир шудааст, ки шахсан мехостааст, бо беш аз ним кило ҳероин аз Кӯлоб ба Русия парвоз кунад.
Номи ӯ ба хотири халал ворид нашудан ба идомаи тафтишот фош намешавад, аммо Содиқҷон Раҳмонов, намояндаи Оҷонсии мубориза зидди маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, чанд ҷавоне, ки ҳангоми боздошт дар Русия дар меъда маводи мухаддир доштаанд, шоҳидӣ додаанд, ки маҳз ин нафар онҳоро ба иҷрои интиқоли маводи мухаддир тариқи меъда таҳрик додааст.

Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, дар охир ин нафар худ ба чунин кор даста зада боздошт шуд: «Ӯ мехост, бо миқдори 503 грам маводи мухаддир дар меъда ба Русия парвоз кунад. Лекин мо ӯро пайгирӣ мекардем ва қабл аз парвоз ташхис муайян кард, ки дар меъдааш маводи мухаддир дорад».

Алихон, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин нафар бо бародараш рафиқ буд ва доим ба манзилашон рафтуомад дошт. Аммо соли гузашта ғайриинтизорӣ бародарашро дар Русия бо 320 грам ҳероин дар меъда боздошт карда, 9 сол равонаи зиндон кардаанд. Пас аз ин, Алихон мегӯяд, рафтуомади ин одам ба хонаашон қатъ шуд: «Чанд бор рафтем ва гуфтам, ки бародарам бо ту буд, куҷо шуд. Худашро ба нодонӣ зад ва баҳона кофт. Баъди ин бародарам телефон кард ва гуфт, ки дар дасташ маблағ дорад ва рафта бигиред. Рафтем, гуфт, даст-дастро мешиносад ва ягон дирам надод».

Тариқи меъда интиқол додани маводи мухаддир ба Русия як роҳи маъмулии қочоқ дар 20 соли охир шудааст.


Назир Толибов, як коршиноcи маҳаллӣ, мегӯяд, нашъаҷаллобон ҳам эҷодкор шудаанд. Ӯ мегӯяд, аллакай дар зери попушӣ ва ё дастаи ҷомадону миёни нон ҷой кардани маводи мухаддир усули ошкоршуда гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, бо роҳҳои зикршуда интиқол додани маводи мухаддир мушкил аст, зеро сагҳои бӯйгир ва дастгоҳҳои рентгении фурудгоҳҳо чунин ҳолатҳоро ошкор мекунад. Аммо тариқи ошкоркунии нашъа дар меъда мушкил аст ва ба ин хотир ба гуфтаи Толибов кочоқбарон ҳоло ин роҳро пеш гирифтаанд.

Масъулини Оҷонсии мубориза алайҳи маводи мухаддир мегӯянд, се ноҳияи минтақаи Кӯлоб - Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва Фархор бо давлати исломии Афғонистон марзи тӯлонӣ доранд ва як соли ахир аз ҳудуди ин навоҳӣ беш аз як тонна маводи мухаддир кашфу боздошт шудааст. Аммо бо вуҷуди талошҳои зиёд, ба гуфтаи онҳо қисме аз маводи мухаддир бо роҳу усулҳои гуногун, мисли дар дохили меъда пинҳон кардан, ба Русия интиқол меёбад.

Минтақаи Кӯлоб аз манотиқи камбизоати рушднакардаи кишвар аст, ва ҷавонон дар ин минтақа ҷойи кор ва манбаи даромад надоранд.

Тибқи омори дар дастдоштаи Оҷонсии мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар соли гузашта 76 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо маводи мухаддир боздошт шудааст, ки аз ин шумора 15 нафараш тариқи фурӯдгоҳи Кӯлоб парвоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG