Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

100 шарҳ ба 7 соли раёсати ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Пурбаҳстарин гузориши ҳафта дар торнамои Радиои Озодӣ, дар бораи 7 соли раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ин баҳс дар маҷмӯъ бештар аз 100 шарҳ гирифт ва албатта на ҳамаи онҳо нашр шуданд, зеро ё дашном доштанд ва ё тавҳину таҳқир, ки зимни баҳс дар торнамои Радиои Озодӣ набояд ҷой дошта бошанд.

Баҳс дар бораи чанд ҳосили кори ҳафтсолаи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, Муҳаммад Алиҷон шурӯъ кардааст, ки ба қавли ӯ, агар Раҳмон баъди интихоботи моҳи ноябри соли равон боз як аҳди дигар бимонад, вазъи бади Тоҷикистон аз ҳозирааш ҳам бадтар хоҳад шуд:

«Агар як ҳафтсолаи дигар дар курсии президентӣ бимонад, ҳазорҳо тоҷик аз кишвар фирор мекунанд, шумораи муҳоҷирон ба 2-миллион нафар расида истодааст. Аксарияти таҳлилгарони сиёсӣ аз тарс Раҳмонро таъриф мекунанд, вале агар бо онҳо як ба як сӯҳбат кунед, ҳарфҳои тамоман дигарро мешунавед. Дар атрофи Раҳмон хиёнаткорони сиёсӣ зиёданд, нисбати миллат ва шахсан Раҳмон. Кормандони телевизион хизмати хирсона кардаанд ва ин корашон идома доранд. ИНСОФУ ИМОН бояд дошт!»

Аммо як нафар, ки худро Шарифҷон муаррифӣ кардааст, назари Муҳаммад Алиҷонро воҳима медонад ва мегӯяд, иддаоҳо дар бораи онки наздикони Эмомалӣ Раҳмон тамоми арсаҳои сердаромади тиҷоратро дар кишвар аз худ кардаанд, дурӯғ аст. Шарифҷон мегӯяд, бояд ба кори ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қавли ӯ «ҷавонмарди ғаюру ҷасур аст,» одилона баҳо дода шавад:

«Воҳима накунед. Шумо ба воқеият баҳои одилона ва хаққонӣ диҳед. Ба заҳмату хизматҳои президент, ғайри халқи худаш, ҳатто иддае аз халқу миллатҳои дигари дунё низ баҳои хуб додаанд. Муҳоҷират ин як раванди табиист ва дар дунё беш аз 230 миллион нафар муҳоҷирон мавҷуданд. Бо суханҳои сатҳиву хасакии худ ҷавононро аз роҳи мақсуд дур накунед, ҳама нооромиҳо аз чунин андешаҳои иғвоангезону сияҳкорон сар мезанад. Бебарқӣ душвор аст ва оё наслҳои пештара азоб накашидаанд? Ягон бахши хоҷагии халқ монополия нашудааст ва агар ин ҷавонмарди ҷасуру ғаюр сарварамон намешуд, аҳволамон аз мардуми Афғонистон бадтар мешуд.»

Чанд натиҷаи 7 соли ахири раёсати Эмомалӣ Раҳмон

Аммо Саид аз Душанбе ба ин гуфтаҳо мувофиқ нест ва ба масъалаи қавмгароӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст, ки дар гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ҳукумати ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон аз он зиёд сухан меравад. Ба гуфтаи Саид, дар аҳди ҳафтсолаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин беморӣ бештар хуруҷ кардааст:

«Дар бештари муассисаҳо ворид мешавӣ, ба Худо қасам бо хешу табору ҳамдеҳагону авлодҳо мағз андар мағзи корхонаҳои давлатиро гирифтаанд. Дар бораи донишгоҳҳо ҳоҷати гап нест. Ба қисматҳои раёсатҳову хоҷагидорӣ ва муҳосибот як маротиба даромада, бубинед бешармона аз як деҳа чаҳор, панҷ нафар ва авлод-авлод нишастаанд, куҷост имон, куҷост виҷдон куҷост одамият?»

Яке дигар аз мубоҳисон, ки худро Асир ва аз Зиндон муаррифӣ кардааст, дар шарҳи тӯлоние гуфтааст, ки мардум дар аҳди ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон эътимод ба ӯро аз даст додаанд:

“Боварии халқ рӯз аз рӯз нисбати давлату ҳукумат коста шуда истодааст. Адолат нест, риояти қонун нест, судҳо мустақил нестанд, вакилон парвои халқ надоранд, барқ нест, халқ бо кор таъмин нест, роҳ пулакӣ, корхонаҳо аз фаъолият монда, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ паст, мисли донишҷӯи курси -3, ки демократияро аз диктотурӣ фарқ карда наметавонад, шумораи зиёди лагандбардорҳо, зулму шиканҷа, амалиётҳои ғайриқонунӣ, муомилаи бади милисаҳо, ришвахорӣ, ҳокимияти хонаводагӣ ва дигару дигарҳо боиси коста шудани бовари мардум ба ҳукумат шудаанд. «

Аммо чанд нафар ба ҳимояти раиси ҷумҳури Тоҷикистон садо баланд кардаанд. Аз ҷумла яке аз онҳо гуфтааст, ки “боиси таассуф аст, шаҳрвандони ватани мо нисбати ватан ва сарвари кишвар чунин суханҳо мезананд.” Ин корбари торнамои Радиои Озодӣ худро Ватандӯстдор аз Душанбе муаррифӣ карда ва чунин навиштааст:

«Бояд инро дарк намуд, ки ободии кишвар на танхо ба сарвару мансабдорон, инчунин ба ҳар як шаҳрванд вобаста аст. Дар ин матн гуфта шудааст, ки ба ғайр аз ободиву ваҳдат сарвари давлат дигар корро накардааст, вале ба фикрам чашмони шумо дигар чизҳоро намебинанд. Шахсан ба фикри ман зиндагии мардум на он қадар бад аст ва аз хама муҳим дар зиндагии мо сулҳу осудагист, ки сарвари кишвар дар муддати кӯтох ба даст овард. Ношукрӣ накунед мардум!!! «

Дар идомаи баҳси доғ дар бораи баъзе аз натиҷаҳои ҳукумати ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон, як нафари дигар гуфтааст, ки айб на фақат дар раиси ҷумҳур, балки хислати мардум аст, ки барои ҳаққу ҳуқуқи хеш саъй намекунанд.

Ин корбари торнамои Радиои Озодӣ менависад: «Айб фақат дар Эмомалӣ Раҳмон нест, айб дар менталитети мардуми мост. Як ба интихобот равед, ҳамаашро мефаҳмед. 99% кормандони қитъаҳои интихоботӣ на вазифаи давлатӣ доранду на хеши президентанд, вале бо як овоз ба "Эмомалӣ овоз диҳед!" нагӯянд ё ишорае накунанд! Аксарияти мардуми мо умуман намефаҳманд, ки интихобот барои чист ва овозаш барои чӣ даркор аст. Хусусан, ба қишлоқҳо равед, бинед, чӣ тавр мардумро дар интихоботҳо фиреб мекунанд ва ҳатто метарсонанд. Ва мардуми мо ҳам бовар мекунанду ҳам метарсанд. Умуман, интихобот барои мардуми мо ҳоло ҳам қурбе надорад ва аз он фақат масъулон ба фоидаи худ истифода мебаранду, халос.»

Шумо чӣ мегуед?
XS
SM
MD
LG