Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дархости вакили мудофеи Pussy Riot-ро рад кард


Мария Алёхина-узви гурӯҳи Pussy Riot
Мария Алёхина-узви гурӯҳи Pussy Riot
Amnesty International ё Афви Байналмиллал аз ҳукми додгоҳи шаҳрии Березниковский изҳори нигаронӣ кард. Ин додгоҳи Русия дархости вакили мудофеи Мария Алёхина-узви гурӯҳи Pussy Riot-ро дар бораи ба таъвиқ андохтани иҷрои ҳукм рад кард.

Вакили мудофеъ аз додгоҳ хоста буд, ки ба зиндон андохтани Марияро то 2 соли дигар ба таъхир андозанд, зеро вай писари 5 солаашро тарбия мекунад.

Дэвид Диас Ҷоҷекс-муовини барномаи Amnesty International барои Аврупо ин тасмими додгоҳро тақаллуби навбатии додгоҳ номид ва гуфт, мақомоти Русия бо ин тасмими худ собит сохтанд, ки онҳо омодаанд озодии баёнро саркӯб кунанд.

Духтарони гурӯҳи Pussy Riotдар калисои Масеҳи Наҷотбахш бар зидди Владимир Путин эътироз карда буданд.
XS
SM
MD
LG