Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибатҳои яксолаи фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Tajikistan: 2012 humanitarian overview
Tajikistan: 2012 humanitarian overview

Як муассисаи имдодии Созмони Милал мегӯяд, соли гузашта дар Тоҷикистон 306 фалокати табиӣ 26 нафарро кушта ва ба иқтисод 15 миллион доллар хисорот ворид кардаанд.

Дар ин фалокатҳои табиӣ ба мисли заминларзаву сел, 217 хона комилан вайрон шуда ва тақрибан 1150 хона осеб дидаанд.Муассисаи Ҳамоҳангсози Кӯмакҳои Башарии Созмони Милал (OCHA) дар баёнияе гуфтааст, ки фалокатҳои табиӣ дар соли 2012 ба зиндагии 11 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон асари манфӣ гузошта ва ба иқтисоди кишвар дар маҷмӯъ 15 миллион доллар хисорот ворид кардаанд. Шифохонаву мактабҳо ва кӯдакистонҳо аз зербунёдҳои ҳаётӣ дар рустоҳои Тоҷикистон низ аз фалокатҳо эмин намондаанд ва 47 чунин муассиса осеб дидааст.

Бузургтарин фалокати табиӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта дар водии Рашт ба вуқӯъ пайваст. Заминларзаи сахти рӯзи 13 май дар инҷо 227 хонаводаро ё бесарпаноҳ гузошт ва ё манзилҳои онҳоро нимавайрон кард. Муассисаи Ҳамоҳангсози Кӯмакҳои Башарии Созмони Милал (OCHA) мегӯяд, бо вуҷуди онки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми бесобиқаи 1 миллиону 600 ҳазор доллар ба ин хонаводаҳои осебдида кӯмак кард, аммо қисми ками онҳо тавонистанд, зимистон нарасида, хонаҳои навсохти худро такмил кунанд. Бақияи хонаводаҳо боз ба хонаҳои нимавайрони худ баргаштаанд. Ба хотири сипарӣ кардани зимистон, созмонҳои имдодии муқими Тоҷикистон рӯзи 14 декабр аз кишварҳои донор хостаанд, то 500 ҳазор доллар кӯмак кунанд. Маблағи мазкурро ҷиҳати таъмири мактаб барои 435 муҳассил ва поён додани сохтмони баъзе аз хонаҳо хостаанд.

Дар баёнияи OCHA омадааст, ки бар изофаи бедодгариҳои фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, соли гузашта 2 миллион нафар аз аҳолии кишвар дар маърази хатари гуруснагӣ қарор доштанд. Дар нимаи аввали соли 2012 захираҳои маводи ғизоии хонаводаҳои рустоҳои дурафтода тамом шуда ва аксари манотиқи Тоҷикистонро дар он замон, манотиқи мӯҳтоҷ ба маводи ғизоӣ арзёбӣ карданд. Аммо тобистон ба шарофати ҳосили беҳтари ғалладона дар Тоҷикистон ва хориҷ ва расидагии муассисаҳои имдодӣ ба дархости мӯҳтоҷон вазъ беҳтар шуд.

Соли гузашта барои Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани амнияти ғизоӣ, бештар аз 9 миллион доллар, барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ 4,7 миллион доллар ва барои дигар кӯмакҳои башарӣ 3,5 миллион доллар додаанд. Муассисаи Ҳамоҳангсози Кӯмакҳои Башарии Созмони Милал мегӯяд, агарчӣ тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар расидагӣ ба ниёзҳои мардуми осебдида беҳтар шудааст, аммо бо назардошти эҳтимоли фалокатҳои бештар дар оянда, бояд кори зиёдтаре анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG