Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посгоҳҳои марзии атрофи Сух баста шудаанд


Посгоҳҳои марзӣ дар дохили қаламрави Қирғизистон дар атрофи ноҳияи Сухи Узбакистон рӯзи чаҳоршанбе баста буданд. Маълум нашудааст, ки ин посгоҳҳо чӣ вақт боз мешаванд.

Рӯзи якшанбе байни сокинони Сух ва марзбонони қирғиз ҳангоми кашидани хати интиқоли барқ ба посгоҳи марзии қирғизҳо задухурд ба амал омад. Бино ба хабарҳо се шаҳрванди Узбакистон аз тир захм бардоштаанд ва як корманди пулиси Қирғизистон сахт лату кӯб шудааст.

30 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар Сух гаравгон гирифта шуданд. Рӯзи дигар ҳамаи онҳоро раҳо карданд.

Саидҷон Эратов-муовини намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд ба радиои Озодӣ гуфт, роҳҳо ва посгоҳҳои марзии атрофи Сухи Узбакистон замоне боз хоҳанд шуд, ки ҷониби Узбакистон хисороти пешомадаро ҷуброн кунад.
XS
SM
MD
LG