Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Президенти мардумӣ», китоби нав дар бораи Э.Раҳмон чоп шуд


Нашриёти "Шарқи озод" китоби тозаеро бо номи «Президенти мардумӣ», дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баровардааст.

Тибқи иттилои масъулини "Шарқи озод" ин китоб ба қалами Саидмурод Фаттоев ва Мансур Сайфиддинов, мушовирони президенти Тоҷикистон навишта шуда, аввали соли равон чоп гардидааст.

Ба иттилои ноширон саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати мустақили тоҷикон дар авохири ҳазорсолаи гузаштаву оғози ҳазорсолаи нав инъикос гардидааст.

Муалллифон навиштаанд, «Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак, дар миёни сиёсатмадорони ИДМ ҷойгоҳи баланду сазовор дорад. Албатта, ин тасодуфӣ нест. Вай пуштибонии халқи куҳанбунёду соҳибхиради худро сазовор шуда, ба истиқрори сулҳ ва таҳкими тафоҳуми созиш дар мамлакат ноил гардид ва бо ин амали хеш ба эътирофи байналмилалӣ низ соҳиб шуд. Гуфтаҳо ва андешаҳои сиёсатмадорони машҳур, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ гувоҳи ин маъруфиятанд».

Китоби «Президенти мардумӣ» ба сиёсатмадорон, таърихнигорон, файласуфон, дар маҷмӯъ ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
XS
SM
MD
LG