Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз "вартаи молӣ" ҷилавгирӣ мекунад


Барак Обама
Барак Обама
Пешбинӣ мешавад, ки президенти ИМА Барак Обама қонуни ҷилавгирӣ аз “вартаи молӣ”-ро имзо менамояд. Ин санадро, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз афзоиши андоз ва коҳиши хароҷот аст, рӯзи сешанбе Маҷлиси Намояндагони Конгресс ва пеш аз он вакилони Сенат ба тасвиб расонда буданд. Агар ин санад тасдиқ намешуд, бар пояи чорабиниҳои марбут бо коҳиши касри буҷет хароҷоти ҳукумати ИМА ба таври автоматӣ 600 миллиард доллар коҳиш меёфт ва ҳамин гуна андоз боло мерафт. Иқтисодшиносон ҳушдор додаанд, ки чунин иқдом метавонад рушди истеҳсолоти ИМА-ро поин бурда, ба иқтисоди саросари олам таъсири манфӣ мегузорад. Қонунгузорие, ки ҳоло тасвиб шудааст, имкон медиҳад, ки андози аксари амрикоиҳо боло наравад ва хароҷоти давлат низ ба таври автоматӣ коҳиш наёбад.
XS
SM
MD
LG