Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА ба пешгирӣ аз "вартаи молӣ" раъй дод


Бинои Сенати Амрико. Акс аз бойгонӣ
Бинои Сенати Амрико. Акс аз бойгонӣ

Сенати Амрико қонунеро тасвиб кард, ки пешгирӣ аз авоқиби афзоиши молиёт ва коҳиши масрафот дар сурати пеш омадани “шикофи молиётӣ”-ро ба ҳадаф дорад.

Аз ин тарҳ дар райъгирии шаби Соли нав 89 вакил ҳимоят карда, танҳо 8 сенатор ба он райъи мухолиф додаанд. Раъйгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Конгресс дар ин масъала, қарор аст, рӯзи чоршанбе доир шавад.

Дирӯз Кохи Сафед бо вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс тавофуқ карданд, ки замони барномаи коҳиши молиёти бозмонда аз замони Ҷорҷ Буши хурдӣ барои хонаводаҳои даромадашон камтар аз 450 000 долларро тамдид карда, тарҳи коҳиши хароҷоти низомӣ ва барномаҳои дохилӣ ба маблағи 24 миллиард долларро то ду моҳи дигар ақиб андозанд. Ин муомила ба ҳарду ҷониб то оғози даври нави баҳсҳо рӯи роҳҳои коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади давлат ба манзури рафъи касри будҷа имкони танаффус медиҳад.

Тасвиби ин қонун дар ҳолест, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар конфронси хабарии худ дар авҷи музокироти ҷумҳурихоҳон ва демократҳо эълом кард, ки тавофуқ наздик аст, аммо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Вай дар ин нишасти хабарӣ чанд шӯхӣ низ кард, ки бо хашми ҷумҳурихоҳон анҷомид. Барак Обама аз ҷумла гуфт, "онҳо ба тавофуқ наздиканд, аммо ҳанӯз ба тавофуқ нарасиданд."

Раиси ҷумҳури Амрико дар шӯхии дигаре гуфт, ки "бояд дар назар дошт, ки ин Коргресс агар бихоҳад коре анҷом диҳад, охирин сония онро анҷом медиҳад."
Ҷон МакКейн, сенатори ҷумҳурихоҳ дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ин гуна сухан гуфтан, муносиби шеваи раҳбарии як раиси ҷумҳур нест.

Рӯзи душанбе эълом шуд, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико ба эҳтимоли зиёд ин масъаларо рӯзи 31-уми декабр баррасӣ намекунад ва раъйдиҳӣ бар сари «вартаи молӣ», дар соли 2013 анҷом хоҳад шуд. Аммо дар Сенати Амрико, сенаторҳо гуфтаанд, ки дар назар доранд то пеш аз оғози соли нави 2013 ба вақти Амрико, раъйгирӣ бар сари «партгоҳи молӣ»-ро анҷом диҳанд.

Барак Обама дар нишасти хабарии худ дар Кохи Сафед гуфт, ки вай тамоюл дошт тавофуқи бузурге сурат бигирад, аммо ин амр амалӣ нашуд. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, "ҳанӯз мавзуоте монда, ки бояд ҳал шаванд, аммо мо умедворем, ки Конгресс онро ҳал кунад, аммо ҳанӯз чунин нашудааст.»

Дар сурати ҳосил нашудани созиши нав дар мавриди буҷаи соли оянда ва ҳаҷми нави молиёт дар Амрико, ҳукумати Амрико бояд сар аз якуми январ аз ҳисоби афзоиши молиёт ва сарфаҷӯӣ, хароҷоти буҷаро 600 миллиард доллар кам кунад, ки ин ба гуфтаи иқтисоддонон, сабаби рукуди иқтисод мешавад.
XS
SM
MD
LG