Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қаламрави Афғонистон зилзила рух дод


Шоми рӯзи шанбе дар шимоли шарқи Афғонистон зилзила рух дод. Шиддати зилзила дар маркази он 5,8 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Сокинони ҷануби Тоҷикистон низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Дар Кӯлоб шиддати он 4 дараҷа ва дар Душанбе 3 дараҷаро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз талафот ё харобиҳое аз ин зилзила гузориш надодааст.
XS
SM
MD
LG