Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақагирони Хоруғ аз кам будани банкоматҳо шикоят доранд


Издиҳоми солмандон дар канори роҳи мошингард дар Хоруғ аз дур ба тазоҳурот монанд аст, вале дар асл навбати назди банкоматест, ки ба пирон нафақа медиҳад.

Дар арафаи соли нав шӯъбаҳои «Амонатбанк» дар маркази ВМКБ ба пардохти нафақапулӣ бо истифода аз кортҳои пластикӣ шурӯъ карданд. Аммо ноомодагии солмандон сабаб шудааст, ки ҳамарӯза назди банкоматҳо теъдоди зиёди нафақагирон ҷамъ оянд.

Ба гуфтаи Амрумия Дарвешов, як сокини Хоруғ, на танҳо одамони солманд, балки дар бархе аз мавридҳо шахсони соҳибмаълумот низ дар истифода аз “мошини пулдиҳак” душворӣ мекашанд. Ҷаноби Дарвешов афзуд, банкомат дар ҷойи ноқулай монда шудааст -- дар канори роҳи мошингард ва пеши бинои милиса, хуб мешуд, ки мизоҷон метавонистанд, дар дохили бино ҷой гиранд."

Аммо ба бовари сардори «Амонатбанк» -и вилоят Чингиз Зуҳуров, айни ҳол се банкомат ва се терминали дигар шабонарӯзӣ дар хизмати муштариёнанд ва таҷаммуи нафақагирон дар назди банкоматҳо падидаи муваққатӣ буда, бештар ба ҳолати равонии мардум бастагӣ дорад. Вай афзуд, ки "дар банкомат пул тамом намешавад, бонки марказӣ дастгирӣ мекунад, вале азбаски чизи нав аст, нафақагирон ҳама қариб дар як вақт барои гирифтани нафақа меоянд, ҳол он, ки банкомат шабу рӯз дар хизмати мизоҷон қарор дорад."

Миразор Муборакшоев, як бознишастаи дигар, ки нав аз банкомат нафақаашро ба даст овард, аз хадамоти нав баръакс хеле хурсанд шудааст. Ба гуфтаи вай, ин усул боз аз он ҷиҳат барояш писанд афтодааст, ки нафақагир дар ҳар куҷои ҷумҳурӣ бо истифода аз корти худ метавонад, нафақаашро дастрас кунад. Аммо мегӯяд, ки барои хизматрасонии дастрас дар Хоруғ лозим ҳаст, ки адади банкоматҳо дар шаҳр зиёдтар шавад: "Ҳоло як каме мушкил аст, вақте одат кардем, кор осон мешавад. Ин бисёр кори дуруст ва хуб аст. Лекин банкоматҳо бояд зиёдтар бошанд.

Масъулони «Амонатбанк» мегӯянд, ки бо назардошти дархости мизоҷон, банкоматҳо дар шаҳр зиёдтар хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар рӯзҳои аввали пардохти нафақа бо усули нав, 5 мизоҷи солманд ба масъулони «Амонтбанк» барои барқарор намудани кортҳои инфиродиашон муроҷиат карданд. Ба гуфтаи як нафар аз ин корафтодагон, вай кортро назири лотореяи бурднок пииндошта зер палос монда, гум кардааст ва аз ин рӯ нафаҳмида бо дафтарчаи пардохти нафақа ба назди банкомат омадааст. Вале барои барқарор намудани корт, ки дар салоҳияти бонки марказӣ асту то ду ҳафта вақт мегирад, ин шахс соли нави милодиро бе нафақапулӣ пешвоз мегирад.

Дар Бадахшон зиёда аз 24 ҳазор нафар бознишаста зиндагӣ мекунанд, ки беш аз севуним ҳазор нафарашон сокини Хоруғанд.
XS
SM
MD
LG