Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри додситонӣ ба таҳқиқи аъмоли мухолифини мисрӣ


Додситони кулли Миср ба таҳқиқи гумонҳое, ки раҳбарони мухолифин гӯё тарафдорони худро ба барандохтани давлати раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ таҳрик додаанд, амр дод.
Ба гуфтаи манобеъи ҳуқуқӣ, ин таҳқиқ барандаи ҷоизаи Нобел Муҳаммад Бародаӣ, собиқ дабири кулли Лигаи Араб Амр Мӯсо ва Ҳамдин Саббоҳиро ба ҳадаф дорад. Мӯсо ва Саббоҳӣ аз ҷумлаи рақибони Мурсӣ дар интихоботи моҳи июн буданд. Таҳқиқи додситонӣ дар вокуниш ба шикоятест, ки алайҳи раҳбарони мухолифин дар моҳи гузашта расида буд. Ин таҳқиқ дар пасманзари авҷи танишҳо бар сари Қонуни асосии ҷадиди Миср аст, ки ёрони исломгарои Мурсӣ аз он ҳимоят, вале мухолифин ин санадро радд мекунанд. Худи раҳбарони зикршуда ба ин таҳқиқ ҳанӯз вокунише накардаанд. Вале Имод Абӯғозӣ, дабири кулли ҳизби Бародаӣ гуфт, ҳадафи тафтиш “аз байн бурдани мунтақидони сиёсист.”
XS
SM
MD
LG