Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як наркобарони тоҷик дар Имороти Араб


Бино ба иттилоъи мақомоти Русия, Атобек Гулмамадов, ки яке аз қочоқбарони бузурги маводи мухаддир ном бурда мешавад, дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст. Гулмамадов шаҳрванди ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон аст. Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия ӯро шахсан раҳбари гурӯҳи қочоқбаре медонанд, ки ахиран дар ду амалиёт 400 ва 900 кило ҳероинаш дар Русия мусодира шуд. Бино ба ин хабар, ки “Азия Плюс” нашр кардааст, дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди Атобек Гулмамадов ба Русия дар дасти баррасӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG