Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Озодӣ" журналисти сол эълон шуд


Абдуқаюми Қаюмзода, хабарнигори Радиои Озодӣ
Абдуқаюми Қаюмзода, хабарнигори Радиои Озодӣ

Ҳайати таҳририяи «Фараж» Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро журналисти сол эълон кардааст.

Нашрияи "Фараж" дар шумораи охирини имсолааш феҳристи чеҳраҳои маъруфи соли 2012-ро муайян карда, дар қатори онҳо номи Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодиро низ ҷо додааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири "Фараж", мегӯяд, ҳайати таҳририяи нашрия баъд аз баррасиву назарпурсии хонандаҳо Абдуқаюми Қаюмзодро ҳамчун журналисти сол эътироф кард.

Хуршеди Атовулло рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, давоми сол ҳафтаномаи «Фараж» мусоҳибаҳои Қаюмзодро аз торнамои "Озодӣ" бознашр кардааст ва ин матлабҳо дар миёни мардум ба серхонандатаринҳо табдил ёфтаанд.

Ба иттилои Атовулло дар ҷараёни баҳси ҳайати таҳририяи «Фараж» ҷоизаи Лоҳутӣ низ зикр шудааст, ки қазияи он то ба долонҳои Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон расид. Аммо Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон сарфи назар аз исрори бархе аз намояндагони мақомот Қаюмзодаро бо ҷоизаи Лоҳутӣ мушарраф кардааст.

Хуршеди Атовулло мегӯяд соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ шудани Абдуқаюми Қаюмзода яке аз сабабҳои журналисти сол эълон шудани ӯст, зеро ба гуфтаи Атовуллоҳ ин мавзӯъ дар доираҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон тайи соли 2012 аз ҷумлаи пурсарусадоҳо буд.

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 ба ин сӯ хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбест. Вай соли 1967 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳаммет дар соли 1995 ва барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар соли 2012 мебошад.

Ҳамчунин ҳафтаномаи «Фараж» суолуҷавоби мустқими шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо сокинон «мулоқоти сол» номида, амалиёти низомии 24-уми июлро дар шаҳри Хоруғро «ҳодисаи сол» дониста, оташсӯзии бозори Корвонро «сӯхтори сол» дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG