Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки афсари пулиси афғон ба Толибон дар як куштор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як афсари пулис, ки аз Толибон ҷонибдорӣ мекард, ба гурӯҳе аз афроди Толибон кӯмак кардааст, ки дар минтақаи дурафтода ба посгоҳи пулис роҳ ёбанд ва се афсари пулисро дар посгоҳ ба қатл расонанд.

Ин куштор қабл аз бомдоди панҷшанбе дар Таринкути вилояти Урузгон рух додааст. Ба қавли Фарид Аҳмад Ойил-сухангӯи пулис, ин афсари ҷонибдори Толибон шабона онҳоро даъват кардааст ва вақте, ки афсарони пулис хоб будаанд, ба онҳо гуфтааст, ки кушторро анҷом диҳанд.

Баъд аз ин куштор афсари ҷонибдори Толибон бо онҳо фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG