Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Миср тазоҳуротро идома медиҳанд


Гурӯҳи аслии мухолифони Миср эълон кардааст, ки бар зидди Қонуни Асосии нав, ки Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои ин кишвар аз он ҳимоят кардааст, тазоҳуроти эътирозиро идома медиҳанд.

Ҳусейн Абдулғанӣ-сухангӯи Ҷабҳаи Наҷоти Миллӣ гуфт, мухолифон бар зидди ҳукумати Мурсӣ тазоҳуроти сулҳомези худро идома медиҳанд. Мухолифон Мурсиро муттаҳам мекунанд, ки бо истифода аз ислом талош дорад, давлати ситампеша ташкил кунад.

Сухангӯи мухолифон даъвати Мурсиро дар бораи музокира беарзиш хонд ва гуфт, маълум нест, ки чунин музокира арзиш дошта бошад. Вай ҳамчунин аз мардуми Миср хост, ки 25 январ бар зидди Қонуни Асосии нав ба эътироз бароянд ва ҳамзамон дуввумин солгарди сарнагунии редими Ҳуснӣ Муборакро баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG