Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЕФА барои Сербистон ҷазои сахттар мехоҳад


Даргирии бозигарони ду тим дар Крусевач
Даргирии бозигарони ду тим дар Крусевач
УЕФА(Иттиҳодияи футболи Аврупо) мехоҳад алайҳи Сербистон муҷозоти шадидтар эъмол кунад. Мухлисони серб ҳангоми бозии тимҳои то 21-солаи Сербистону Инглистон, ки моҳи октябр дар Крусевач гузашт, алайҳи футболбозони сиёҳпӯсти тими меҳмон шиорҳои нажодгароёна заданд ва худи бозӣ ҳам бо занозании бозигарону мураббиёни ҳарду тим поён ёфт. Кумитаи интизомии УЕФА Федеросиюни футболи Сербистонро 105 000 доллар ҷарима баста, амр дод, ки як бозиашро дар варзишгоҳи холӣ барпо кунад. 2 мураббиву 4 бозигари тими Сербистон ва 2 бозигари Инглистон аз ҳаққи ҳузур дар 4 бозӣ маҳрум шуданд. Вале президенти УЕФА Мишел Платинӣ аломат додааст, ки ӯ муҷозоти бештареро мехоҳад.
XS
SM
MD
LG