Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик дар бораи Масъуд ва Мулло Умар


«Афғонистон: Муҷоҳиддин, мухолифин, мудохилин»-унвони китоби тозанашри таҳқиқотӣ доир ба вазъи сиёсии имрӯзи Афғонистон аст, ки бо қалами Ҷумъахон Алимӣ, шарқшинос ва доктори илмҳои филологӣ тааллуқ дорад.

Ҷумъахон Алимӣ барои таълифи ин китоб ба Афғонистон сафар карда, бо гурӯҳҳои гуногун ва сокинони оддӣ сӯҳбатҳо доштааст. Дар ин китоб, ки бо теъдоди 300 нусха ва бо маблағи худи муаллиф чоп шудааст, шурӯъ аз рӯҳияи мардуми Афғонистон то таъсири шахсиятҳои гуногуни ба ҳайёти сиёсии ин кишварро таҳлил шудааст.

Муаллиф дар замони Шӯравӣ, солҳои 1983-1984 низ ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ дар Афғонистон ҳузур доштааст. Суоли нахусти мо вобаста ба мушоҳидаҳои муаллиф аз тафовутҳои замони Шӯравии Афғонистон ва замони муосири он буд.

Ҷумъахон Алимӣ: Бояд арз кард, ки тафовути ҷиддие дар зиндагии маишии мардуми ин кишвар дида намешавад. Баръакс зиндагӣ нохубтар шудааст. Афғонҳо ҳамон гунае, ки буданд, аз лиҳози равонӣ боқӣ мондаанд. Дар тарзи зисту зиндагонии ин мардуми тафовутҳои кӯчак, бараъкси замони шӯравӣ хориҷибадбинӣ ва дахолатбадбинӣ бештар шудааст. Сӣ сол қабл дар лабони аксари афғонҳо зиёдтар табасум дида мешуд, чуноне ки ҳоло ҷои он табасумҳоро ғам, надӯҳ, хашм, нафрат, то ҷое рӯҳафтодагӣ иваз кардааст. Лек лутфу марҳамату меҳрубоние, ки табиатан тоҷикони Афғонистон доранд, мутаассифона дар ҳеҷ куҷои дунё ба мушоҳида намерасад.

Озодӣ: Аммо ҳадафи аслии нашри китоб дар чӣ буд ва ба хонандаи тоҷик чиро мехостед, бо интишори ин китоб нишон диҳед?

Ҷумъахон Алимӣ: Бори дигар мехостем мавқеи Аллома Иқболро ба таври васеътар шарҳ диҳам. Ӯ мегӯяд:

Осиё як пайкари обу гил аст,
Миллати афғон дар он марказ дил аст.
Дар фасоди ӯ фасоди Осиё,
Дар кушоди ӯ кушоди Осиё.

Ҳанӯз Иқбол гуфта буд, ки оромии Афғонистон оромии Осиё ҳаст ва бори дигар бо мисолҳои мушахас дар ин китоб ишора шудааст, ки ҳодисаҳои ин кишвар на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми Осиё таъсир дорад. Мушкили Афғонистонро чуноне садҳо бор таъкид шудааст, бояд худи афғонҳо ҳал кунанд. Барои ҳали қазияи печидаи Афғонистон мутаассифона, ки даҳсолаҳост, ҳамсоякишварҳо ва хосатан абарқудратҳо халал мерасонанд. Ҳадаф аз таълифи китоб ду паҳлӯ дорад. Нахуст, ҳушдор додани мардум аз оқибатҳои нохуби парокандагӣ,
Муаллиф ҳини сафар дар Афғонистон.
Муаллиф ҳини сафар дар Афғонистон.
тафриқаандозӣ, ҳизбу фирқагароӣ ва дуввум ибрат гирифтан аз ватандӯстӣ, ғаюрӣ, шуҷоат, дифоъ аз хоки ватан ва ҳифзи мустақилияти кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳудуди Афғонистони имрӯз зиёда аз садҳо аҳзоби сиёсӣ, васоити ахбори хусусӣ ва ҷамъиятӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза фаъоланд ва ба тариқи рӯзмарра ба таҳлилу танқиди аъмоли давлатдорону ҳукуматдорони худ машғуланд. Зимни маъракаҳои интихоботӣ мушоҳида кардам, ки кор то он дараҷа шаффоф аст, ки ҳайати комиссиюн барои як курсӣ дар парлумон, зиёда аз сад номзадро сабти ном мекунад.

Озодӣ: Дар китоб тақрибан дар бораи ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон навиштаед. Нақши онҳо дар ҳайёти мардуми ин кишвар чӣ гуна аст?

Ҷумъахон Алимӣ: Нақши ҳамаи ин шахсиятҳо бо назардошти паҳлӯи хубу бад, калидӣ ҳаст. Чаро ки дар баробари мардум ва ҷомеа, таърихро шахсиятҳои алоҳида месозанд. Аз ин нуқтаи назар, нақши устод Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Атомуҳаммади Нур, Юнус Қонунӣ ва даҳҳои дигар барҷаста ва ба тариқи мусбат арзёбӣ гардидаанд. Аммо шахсиятҳое аз қабили Гулбиддин Ҳикматёр, Рашиди Дустум ва чанде дигар тавонистаанд, дар таърихи сӣ соли ахири Афғонистон ихтилофҳое ангезанд ва бо рафторҳои ношоистаи худ ҷомеаро ба қафо кашанд. Нуқтаи муҳимтарин дар таърихи сӣ соли Афғонистон он аст, ки қисмате аз зиёиён ва мардуми оддии ин кишвар, аз собиқ раис-ҷумҳури Афғонистон доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳи шӯравимаоб ба некӣ ёд карда, махсус таъкид мекунанд, ки ба миллат хиёнат накард, қасру кушк надошт, миллионер ҳам набуд.

Ҷумъахон Алимӣ: Аммо баръакс дар китоб ҷое аз адолатпарвариҳои Мулло Умар, раҳбари Толибон ёд кардаед…

Ҷумъахон Алимӣ: Шахсан, роҳу усули муборизаҳои толибон ва Мулло Умар маъқул нестанд, баръакс лоиқи маҳкуманд. Аммо шӯҳрату маҳбубияти худро ӯ дар Афғонистон бо муносибати худ ва дастгирӣ намудани фақирону бенавоён ва ҷорӣ намудани адолати иҷтимоӣ касб кард. Ҳамин нуктаро дар китоб зикр кардам, ки бархе аз шаҳрвандони Афғонистон аз ин нуктаи назар ҳукумати Толибонро ба хубӣ ёд мекунанд. Аммо бояд ёддовар шуд, маблағе, ки барои идомаи ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон сарф мешуд, баробар ба буҷаи се ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ буд ва оқибат бори гарони идомаи ҷангро таҳамул накарда, шӯравӣ ҳам пош хӯрд. Ин нукта бояд як сабақ ба он кишварҳое бошад, ки ҳоло дар Афғонистон ҳузур доранд. Яке аз сабабҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ низ идомаи ҷанг дар Афғонистон аст. Сарфу харҷи молиётии давлатҳои узви НАТО барои идомаи ҷанг дар Афғонистон ба трилиардҳо доллар дака хӯрдааст ва идомаи ҷанг метавонад, ки чанде аз давлатҳои узви ин созмонро аз ҷиҳати молиявӣ аз по афтонад ва баъдан тағийротҳои ҷиддие дар байни абарқудратҳо ва умуман тамоми дунё ворид кунанд.
XS
SM
MD
LG