Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории парлумон аз тасвиби созишномаи ҳамкорӣ бо НАТО


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр аз баррасии тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо НАТО худдорӣ кард.

Вакилони парлумон ин қарордодро норӯшан ва шубҳабарангез номиданд ва бо баҳонаи тарҷумаи носаҳеҳи ҳуҷҷат аз англисиву фаронсавӣ баррасии онро ба таъхир гузоштанд. Интизор мерафт, дар иҷлосияи рӯзи чоршанбе (26-уми декабр) тарҳи "Созишнома байни Тоҷикистон ва ташкилоти таъминоти фаннии НАТО оид ба татбиқи масъалаҳои амнияти физикӣ ва идоракунии захираҳои аслиҳа" аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расад. Ин тарҳро Вазорати дифои кишвар ба парлумон пешниҳод кардааст.

Сӯҳроб Маҳмадов, муовини вазири дифои Тоҷикистон, ҳангоми шарҳи ин лоиҳа дар назди вакилони парлумон гуфт, "созишномаи мазкур аз 6 модда иборат буда, мақсади аслии он беҳтар кардани амнияти физикӣ ва идораи захираҳои аслиҳа дар Тоҷикистон, кӯмак барои бехатарии захираҳои аслиҳа дар қисми ҷанубии ҳамсарҳад бо Афғонистону Тоҷикистон ва ҳамчунин омодаву ҷобаҷогузории кормандони гурӯҳи безараргардонии воситаҳои тарканда мебошад."

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Суханронии ҷаноби Маҳмадов вакилонро ба қабули тарҳ водор карда натавонист. Баръакс, моҳияти аслии он ҳадафи шубҳа қарор гирифт. Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, гуфт, аксари банду фаслҳои ин тарҳ нофаҳмост ва маълум нест, тасвиби он ба Тоҷикистон чӣ фоида дораду чӣ зарар. Ҷаноби Шарифов афзуд, "оё то куҷо ин тарҳ бо созишномаҳои дигари ҳарбӣ-сиёсие, ки Тоҷикистон имзо кардааст, мувофиқат мекунад? Дигар ин ки мақсади ин шартнома дар чист ва мо аз он чӣ манфиат мебинем? Мо намефаҳмем, ба мо фаҳмонед."

Шарҳу тавзеҳи тарҳ ҷаноби Шарифов ва вакилони дигарро қонеъ накард. Онҳо гуфтанд, ба пурсишҳои худ дар робита ба ин созишнома посухи дақиқ нагирифтаанд. Муаррификунандагони қонун иқрор карданд, ки дар тарҷумаи он хато ва норӯшаниҳо роҳ ёфтаанд. Ин ҳол раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро водор намуд ба намояндагони Вазорати дифоъ ва ҳукумати кишвар рӯй орад: "Мебинам, ки Шумо тайёр нестед. На кумита тайёр аст, на ҳукумат ва на онҳое, ки ин масъалаҳоро пешниҳод мекунанд. Ин корҳоро наметавон ба таври рӯякӣ анҷом дод. Тарҳро дуруст тарҷума кунед, хуб хонед, барои суолҳо омода шавед ва дар иҷлосияи навбатӣ ба вақти баррасӣ он баҳс ва қабул хоҳад шуд."

Ҳумайрои Бахтиёр
Ҳумайрои Бахтиёр
Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигоре, ки пайваста дар иҷлосияҳои парлумон ширкат мекунад, гуфт, ин аввалин бор нест, ки кумитаву вакилон бидуни омодагӣ ба ҷаласа ҳозир мешаванд. "Бори аввал нест, ки парлумон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, тарҳи ин ё он қонуну санадеро бозгардонад. Зиёд буданд ҳолатҳое, ки вақте вакилон қонунро қабул мекунанд ва аз ҷаласа берун меоянд, мо ба онҳо суол медиҳем, аммо онҳо мегӯянд тарҳи қонунро дар даст надоранд ё аслан шарҳи бештар дода наметавонанд",-афзуд Ҳумайрои Бахтиёр.

Аммо як санади дигар бидуни ҳамин омодагӣ ба тасвиб расид. Ин «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» буд, ки дар борааш вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ чунин гуфт, "баҳс атрофи ин стратегия як соат идома карда истодааст, аммо дар дасти мо мавод нест. Зеро бо сабаби набудани коғаз ҳамагӣ барои кумитаҳо 1 донагӣ нусхаи ин чоп шудааст. Шакли
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
электрониро на ман ва боз чанд нафаре, ки дар паҳлӯям нишастаанд, надорем. Мо дар мавриди некӯаҳволӣ сӯҳбат мекунем ва мегӯем, ки сатҳи камбизоатӣ аз 80 то 30 дарсад поин оварда шудааст, аммо вақте ки парлумон коғаз надорад, чӣ ҳоҷати гап мемонад."

Вале агар санаде, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо номи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» қабул кард, мавриди эътимод бошад, то 3 соли дигар мизони фақр дар Тоҷикистон боз 8 дарсади дигар коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG