Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти "ғуломони раҳошуда" муҳокима мешавад


Рӯзи панҷшанбе додгоҳи Маскав шикояти занони аз банди ғуломӣ раҳошударо муҳокима мекунад. Вакилони мудофиа аз созмони “Кумаки шаҳрвандӣ” ё худ "Гражданское содействие" Эмил Таубулатов ва Гулнора Бобоҷонова ба хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, ки онҳо аз кори муфаттиш Дамир Самирхонов розӣ нестанд, зеро ӯ шикоятҳои кори маҷбурӣ ва азияти ин занон дар фурӯшгоҳи "Продукты"-и кӯчаи Новосибирски Маскавро нодида мегирад.
Рӯзи 30-юми октябр ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманингорон аз таҳхонаи фурӯшгоҳи кӯчаи Новосибирски Маскав 12 шаҳрванди Узбакистону Қазоқистон ва Тоҷикистонро аз ғуломӣ раҳо карданд, ки аз 5 то 10 даҳ сол дар ин фурӯшгоҳ маҷбурӣ кор карда буданд.
4-уми ноябр Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи ҷиноӣ боз намуд, вале 13-уми ноябр идораи додситонии Маскав иброз дошт, ки асосе барои таҳқиқи иддаои ғуломдорӣ вуҷуд надорад ва парванда бояд қатъ гардад.
XS
SM
MD
LG